​Тарбияи ватандўстӣ дар мактаби сулҳи Пешвои миллат

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳамаи давру замон мардуми олам дар пайравии сарварони замони худ, ки эшон раҳкушову раҳнамои доно маҳсуб мешуданд, зиндагӣ мекарданд ва бо дастуру раҳнамоии онҳо ҳаёти худро гуногун мегузарониданду мушкилоти рӯзмарраи хешро бартараф менамуданд. Дар марҳалаҳои муҳим ва тақдирсози ин ё он қавму миллат,пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳиму афзалиятноки ҷомеа: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илм, маънавият, фарҳанг, ҳифзи саломатии аҳолӣ, шуғлнокӣ, таъмини ҳуқуқ, адолат ва амсоли инҳо маҳз аз сарварону пешвоёни одилу хирадманди он вобастагӣ дошт. Зеро аз мафҳуми«сарвар» (tolead-(англисӣ)бармеояд, кионмаъноибурданёдарсафипешрафтанродошта, мардумроазқафоихешмебарад.

Азинлиҳоз, таъминифазоиоромуосуда дар кишвар, таҳкими сулҳу ваҳдат, муттаҳидиюякпорчагӣ, муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ ба ҳаёти осоишта, таҳсил, истироҳат, таъмини ҳифзиҳуқуқуўҳдадориҳоишаҳрвандон ва дигар нишондиҳандаҳои мусбию манфии ҷомеа маҳзазсоҳибмаърифатӣ, эҳсоси ватандўстӣ, санъати баланди роҳбарӣ дар идоракунӣ, далерию шуҷоатмандӣ ва кордонию дурандешиисарварвобастагӣдорад.

Аммо таҷрибаи ҳаётӣ нишон медиҳад, ки сарвар ва пешво будан на ба ҳар кас даст медиҳад ва на ҳар роҳбар метавонад сазовори боварии аҳли ҷомеа гардад. Ба қавли Ҳофиз:

На ҳар кӣ тарҳи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,

Кулоҳдориву оини сарварӣ донад.

Зеро сарварӣ масъулияти баланд ва санъати худододи идоракуниро талаб менамояд. Ҳар инсон чун ҷузъи ҷомеа марҳала ба марҳала ташаккул меёбад ва вобаста ба муносибату сатҳи тафаккур ва қобилияти баланди ташкилию эҷодӣ ва корбарӣ байни халқ обрўю нуфуз пайдо мекунад. Яке аз аввалин талаботи сарварӣ ин манфиатҳои шахсиро сарфи назар карда,манфиати ҷомеаро муқаддам шуморидан аст.

Абўали ибни Сино ба сарвар (шоҳ) чор сифат: далерӣ, адл, ҳусни тадбир ва доштани хирадро муҳим мешуморад. Низомулмулк дар «Сиёсатнома»-и худ қайд менамояд, ки давлат ҳамчун воситаи идоракунӣ аз ду пояи асосӣ - Салтанат ва Вазорат, инчунин аз шумораи зиёди хизматчиёни давлатӣ иборат мебошад. Султон онҳоро роҳбарӣ ва идора мекунад ва худаш кафолати якпорчагӣ ва оромии кишвар мебошад. Дар «Сиёсатнома» тамоми сифатҳое, ки ба сарвар заруранд, хеле возеҳу равшан нишон дода шудаанд. Аз он чумла, сарвар бояд бомулоҳизаву эҳтиёткор рафтор намояд, ҷисман мукаммал ва дорои хотираи мустаҳкам, ақли расо, муҳаббат ба дониш ва дарки олам дошта, адолатхоҳу ҳақиқатҷў бошад. Ў қайд мекунад, ки агар подшоҳ дорои чунин сифатҳо набошад, дар мамлакат бесарусомонӣ, зўроварӣ, таъқибкунӣ, ғоратгарӣ авҷ мегирад. Чунин сифатҳоро, мегўяд мутафаккир, на танҳо подшоҳ, балки вазирон ва ходимони дарбор низ ҳатман бояд дошта бошанд.

Сарвари хирадманду дурандеш ва далеру дорои иродаи мустаҳкам дошта, ҷомеаро аз ҳама гуна хавфу хатарҳо, ақидаҳои бегона, зулму ноадолатӣ ва дигар бесарусомониҳо эмин нигоҳ дошта, ҳадафи худро барои пойдории дўстиву рафоқат, маърифатнокии мардум, таъмини шароити мусоиди корӣ, кафолати ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳо, беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва рушди босуботи ҷомеа равона менамояд. Сарвари оқил бояд ба дили мардум маскан гирифта, онҳоро ба муттаҳидӣ, ваҳдату якдилӣ, соҳибмаърифатӣ даъват намояд ва рушди минбаъдаи кишвари хешро таъмин созад. Бо ин мақсад метавон ҳаёти гуногуни хоҷагии халқро тағйир дод ва онҳоро ба ватандўстию меҳнатдўстӣ ва ҳифзи марзу бум даъват намуд.

Таърих воқеаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва бартараф кардани душвориҳои зиёди зиндагии мардум бо раҳбариву нишондоди сарвари сулҳпарвар, адолатхоҳ, маорифпарвар, созанда ва бунёдкор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит кард, ки Пешвои миллати мо аз он сарвароне мабошанд, ки ҳастии хешро барои мардум ва зиндагии шоистаи ӯбахшидаанд.

Хидмати бузурги ин Сарвари беҳамто дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозии сулҳ, мустаҳкам намудани шохаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегӣ ва амсоли инҳо беназир буда, сиёсати пешгирифтаи он кас ба тарбияи ватандўстию хештаншиносӣ, маънавию ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, эстетикӣ, илмӣ, ҳаёти солим ва ғайраҳо басо нақши муҳим бозидааст. Ҳар як тадбир ва корнамоиву қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ҷавонони имрўзи кишвар дарси ҳаёт, ифтихор ва дўст доштани Ватанро талқин намуда, намунаи ибрати мардонагӣ, дарки баланди инсондўстӣ ва муносибати хуби одамгариро меомўзад. Дар ин раванд муаррифӣ ва тарғиби асарҳои эҷоднамудаи эшон барои азхуд намудани таърихи гузаштаву имрўза, дарку ворид шудани ҷавонон ба набзи ҳаёт ва ояндабинии давлату миллат мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, метавон нақши бузурги Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва тарғиби дастовардҳои нодири он ба якчанд нуктаҳои муҳим такя намуд, ки саргузашти дирўзу имрўзи кишвар ба ояндабинӣ ва созмон додани корҳои бузурги замони аср ба тарбияи ҷавонони мамлакат бетаъсир нахоҳад монд. Хидматҳои намунаи ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар чанд қисмат метавон ба тариқи зайл иброз намуд:

Аввалан, Худованд бар сари халқи Тоҷикистони ҷавон сарвареро ҳадя сохт, ки мақсаду маром ва даъвати асосиву доимиаш дар ҳамаи давру замон танҳо ваҳдату ягонагӣ буда, тавонист, барои сарҷамъии мардуми парешони халқи тоҷик муборизаи беамон барад ва бо ин васила, ба сўи муваффақиятҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ роҳ кушояд. Зеро дар кадом давлату миллате, ки сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пойдор бошад, он кишвар рў ба рушд мениҳад. Эмомалӣ Раҳмон майдонҳои ҷанги «шаҳидон»-у «озодӣ», ҷанги шаҳрвандии хонумонсўз, дардноку даҳшатнок ва бесарусомониҳоро ба майдони «дўстӣ», «якдигарфаҳмӣ» ва «рафоқат» табдил дод. Ин хусусияти инсонпарварона ва сулҳдӯстонаи Пешвои миллат аз оила ва тарбияи волидайн сарчашма гирифтааст.Академик М.Лутфуллозода дар нигоштаи худ бо ёдоварӣ аз лаҳзаҳои наврасии Эмомалӣ Раҳмон зимни бозии варзишии футбол ва ҳалли қазияи бавуҷудомада изҳор медорад, ки «хислати сулҳпазирию адлу адолатҷўӣ ҳанўз дар ҳамон солҳо дар қалби ў макон гирифта буд». Ин аст, ки мафҳумҳои дўстиву рафоқат вуҷуди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифтааст.

Дуюм. Эмомалӣ Раҳмон таъриху фарҳанги гузаштаи тоҷиконро зинда сохта, аз ҳаёти гузаштаи хеш сабақ омўхт ва куҳантарин будани давлати худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Ин ҷо метавон хидмати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо кору фаъолияти ҳазор сол қабл, яъне давраи Амир Исмоили Сомонӣ ҳамчун оина ва инъикоскунанда рў ба рў гузошт. Аён аст, ки «Исмоили Сомонӣ тавонистааст, ки якум давлати Сомониёнро аз ҳуҷуми аҷнабиён девор шавад, дуюм давлати ҳақиқатан миллӣ созад ва ба маънои томаш даврони тиллоӣ давлатдории тоҷикон гардад. Бузургии Исмоили Сомонӣ низ дарон зоҳир мешуд, ки ў ба ҷангу ҷидолҳои дохилӣ хотима дода, бо халифаҳои арабмадоро намуд ва давлати миллӣ ва мутамаркази тоҷиконро ташкил дод. Кишварҳои бузурги Хуросону Варорудро зери ҳимояи худ гирифт ва ҳокими онҷо шуд, ваҳдат ва ягонагии халқро ба вуҷуд оварда, ҳисси созандагӣ ва бунёд кориро эҳё намуда, таърих, анъана ва расму ойинҳои аҷдодиро зинда намуд, илм, фарҳанг, адабиёт ва ҳунарҳои мардумиро ривоҷ дод».

Метавон гуфт, ки тасвири замони давлатдории Сомониёнро, ки Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳукмронӣ мекард, пас аз 1100-соли саргузашти таърих дар ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон татбиқ намуд. Зеро рушди асосии ҳар ду давра ва нақши калидии давлати «Сомониён» ва «Тоҷикистон»-ро танҳо «хотима бахшидан ба ҷангҳои дохилӣ», «ваҳдат», «ягонагӣ», рў овардан ба «илму маърифат», «таърих», «фарҳанг» ва амсоли инҳо аз ҷониби Асосгузори давлати Сомониён Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бозидаанд.

Сеюм. Мақсаду ҳадафи асосии фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шурўъ аз Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1992) то ба имрўз барпо намудани «сулҳ», «ваҳдат» ва «якдилӣ»-ю «якпорчагӣ»-и Тоҷикистон дар ҳар гўшаву канори Тоҷикистон ва пойдор нигоҳ доштани он дар ҳар хонадони миллати тоҷик буд. Ин ҳадафу ғояи асосӣ сармашқи ҳар сухану фаъолияти ҳадафҳои дурбинонаи давлату ҳукумат гардид. Беҳуда Эмомалӣ Раҳмон ноил шудан ба дастовардҳо ва фароҳамии роҳи минбаъаи рушди ҳаёти халқро маҳз аз Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб надонистааст. Зеро тақдири миллати тоҷик дар ҳамин Иҷлосияи мазкур ҳал гардида, дар ҳамин ҷаласа аввалин сухан, аввалин ҳадаф ва аввалин қадам ба сўи «сулҳ», «оромӣ», «ваҳдат»-у «якпорчагӣ»-и Тоҷикистон гузошта шуд. Муҳимтарин нукта он аст, ки вакилони мардумӣ аз нобовариву ноумедиҳо ба сўи боварӣ ва ояндаи нек қадам гузоштанд. Ҳанўз соли 1992 Сарвари давлат таъкид сохта буд: «Танҳо ваҳдату муттаҳидӣ ҷумҳурии моро аз бўҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ бароварда метавонад… «Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ қадами нахустин баҳри сулҳу осоиш дар ҷумҳурӣ гардид».

Чорум, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қавлу суханашро дар амал татбиқ намуда, бо ин амалаш сазовори боварии омма гардид. Аз зери тиру туфанг гузашта ба назди мардум рафт ва онҳоро ба муттаҳидию ободкорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар даъват намуд. Ҳамчун намунаи ибрати ифтихории ҷомеа дар назди вакилони мардумӣ ва сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадафи асосии худро устуворона ва дурбинона аз минбари баланди тақдирсози Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, таъкид сохт, ки: «Ман ба Шумо сулҳ меорам». Дар ин лаҳзаҳо на ҳар кас ҷуръати сухану татбиқи амал мекард. Зеро пайдо намудани фазои солиму созанда байни минтақаҳои гуногуни кишвар низ дар мадди аввал меистод ва масоили дигар пас аз он. Файлассуфи тоҷик Ғ.Ғарибшоев низ ба он андеша аст, ки «Ҷое, ки умумияти манфиатҳо нест, онҷо на танҳо ягонагии ҳадафҳо, балки амалҳои ягона вуҷуд дошта наметавонанд. Ҳеҷ як қавму миллат таърих ва мавҷудияти хешро наметавонад бе муттаҳидӣ, ваҳдати воқеӣ, ҷонбозиҳо ба хотири сулҳу оромӣ ва умедворӣ ба хотири оянда нигоҳ дорад».

Дар ибтидо аз байн бурдани ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳо аз ҷумҳурии ҷангзадаи ҳамсояи Афғонистон ва ба ҳам овардани халқи парешон мушкил буд. Аммо Сарвари давлат гоҳ таввасути расонаҳои хабарӣ, зимни вохўриҳо бо сокинону фаъолон, аҳли зиё, ҷавонону занон ва гоҳ ба муқобили тиру туфанг истода, тавассути сўҳбату вохўриҳо, суханрониҳо ва изҳороту муроҷиатномаҳо оммаро ба ваҳдату ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват менамуд. Аз ҷумла, дар яке аз муроҷиатномаҳои худ соли 1992 ба мардуми шарифи Тоҷикистон иброз намуда буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Ба ин маънӣ, Қуръон мефармояд: «Сулҳ хайр аст аз тафриқа ва парокандагӣ».

Далериву шуҷоатмандӣ, ҳадафи сулҳҷўёна, дурбинона, марҳала ба марҳала аз байн бурдани низоъҳои дохилӣ, пеша намудани сиёсати созандагиву бунёдкорӣ аз ҷониби Пешвои миллат маҳз сабабгори рушди ҳаматарафаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар дар Тоҷикистон гардид. Ин нуктаҳо борҳо дар суханрониҳои ў таъкид гардидаанд: «Аз баракати сулҳу ваҳдат мо имкон пайдо намудем, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити зарурӣ муҳайё созем. Имрӯз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки дар кишварамон барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, балки ҳамаи имкониятҳои сиёсиву иқтисодӣ фароҳам оварда шудаанд… Борҳо гуфтаам ва бори дигар изҳор медорам, ки ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободонии Ватани азизамон мебошад».

Панҷум. Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз муроҷиатномаҳои аввали солҳои истиқлолият иброз намуда буд: «Мо ба илму маорифу фарҳанги ҳозираамон, ки мояи ифтихори халқ бошаду мардум аз самараҳои онҳо бархўрдор буда тавонад, сахт эҳтиёҷ дорем».

Заҳмату талошҳо ва чандин тадбирҳои муҳими пешанамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро метавон барои расидан ба ваҳдати комили миллӣ, решакан намудани ақидаҳои «бегонапарастӣ», «маҳалгароӣ», «зўроварӣ», «хусумат», пешгирии падидаҳои номатлуб байни ҷомеа, тарғиби ҳаёти солим ва чандин масъалаҳои дигарро метавон муҳим арзёбӣ намуд. Барои расидан ба ин мақсад рў ба илму маърифат овард. Аз 13 ба 39 адад расидани муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва аз 70 ҳазор ба 170 ҳазор нафар афзудани теъдоди муҳассилини донишгоҳҳои олӣ, ки фисади зиёди онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, маҳсули тадбирҳои амалишудаи давлати муосир маҳсуб меёбад. Имрўз на ба теъдоди донишҷўён дар таҳсил, балки ба сифати таълим ва кадрҳои ҷавон аҳамияти махсус дода шуда истодааст, ки он метавонад барои пешрафти давлат нақши босазо дорад. Аз назари дигар, зиёд рў овардани ҷавонон ба илмомўзӣ, боз гардидани муассисаҳои таълимӣ барои бо ихтисосҳои гуногун соҳиби маълумот шудан ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудани мутахассисон ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар нақши калидӣ мебозад.

Дар натиҷа, аз суханони Сарвари давлат бармеояд, ки «ба Тоҷикистон пеш аз ҳама ҷавонони соҳибмаълумот, кордону ҳунарманд, мутахассиси соҳибкасби ба талаботи замона ҷавобгўй заруранд. Ба ин кор танҳо бо воситаи ҷустуҷўйҳои нави эҷодӣ, тарбиявӣ, илмӣ, ҳамчунин таҷрибаю маҳорати омўзгорони эҷодкорро истифода бурдан, бо худомўзӣ машғул шудан дар таълиму тарбияи шогирдон муваффақ шудан мумкин аст».

Шашум. Таърих ва таҷрибаи ҳаётӣ исбот намуд, ки мақсаду андешаҳои сулҳҷўёна ва ҷон бар каф гирифтани Президенти кишвар ба ҳар оила, ҷомеа ва Тоҷикистон фазои тинҷию амониро ҳадя сохт. Самараи расидан ба Ваҳдати миллӣ аз қабули қонуни асосии давлат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзўр гардидани шохаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, таҳия ва қабул гардидани қонунҳои конститутсионӣ ва соҳавӣ дар Тоҷикистон, таъмини адолати судӣ, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27.06.1997), ба фаъолият шурўъ намудани парламенти касбӣ (моҳи феврали соли 2000), бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон, таъсису таҷдиди Вазорату идораҳои давлатӣ, фаъолияти мустаҳками онҳо, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ва дигар дастовардҳои даврони истиқлолият зоҳир гардида, ба тарбияи ҷавонон аз манфиат холӣ нест. Академик Носирҷон Салимӣ низ ба он ақида аст, ки баробари рў ба рў шудани Эмомалӣ Раҳмон бо гурўҳҳо ва нерўҳои мухталиф, анҷом додани музокира роҳро барои эҷоди сулҳ боз кардааст, ки аз бузургтарин хидмати Пешвои миллат арзёбӣ гардидааст.

Дар ҳамаи гуфтушунидҳо ва вохўриву мулоқотҳо бо сардори иттиҳоди мухолифини тоҷик Сарвари давлат пешдастӣ намуд ва дасти дўстиву бародариро дароз кард, ки ин ҳама муваффақиятҳо маҳз аз ҳамин амали хайр сарчашма мегирад. Ба ин маънӣ насиҳатномаи Абўҳанифа (р) ба фарзанд ва шогирди арҷмандаш Ҳаммод хеле бомаврид омадааст, мефармояд: «…ҳангоми дидор бо мардум дар салом додан пешдастӣ кун! Чун сухане гуфтӣ, некў бигў! Бо одамони хуб дўстӣ ва наздикӣ кун ва бо бадон мудоро намо!».

Ҳафтум. Сарвари давлат барои пешгирӣ намудани ҷомеа аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва гирифтани роҳи хунрезию ҷангҳои бародаркуш роҳи бастани сулҳу салоҳро пеш гирифт ва барои ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ҳанўз соли 1997 дар шаҳри Москав бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва сардори иттиҳоди мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба вуқўъ пайваста буд, дасти мухолиф фишурд. Барои ҷомеа дари масоҷидро боз намуд, то ки ҳар як шаҳрванд ибодати худро ба ҷо оварда, аз рафтори каҷ ба роҳи рост ҳидоят гардад. Аммо баъзан тоифаҳо, гуруҳҳое ба ном тарафдорони «исломӣ» пайдо шуданд, ки ҷомеаро ба ташвиш оварда, ҷавононро ба гурўҳҳо, тафриқаву низоъандозӣ ҷудо намуданд, ки самараи он ва кирдорҳои ғаразона солҳои охир ба таври равшан аён гардид. Президенти кишвар дар вохўрӣ бо аҳли ҷомеа чунин таъкид намуданд: «Рисолати таърихии дин ваҳдат аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаагезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».

Дар Сураи Оли Имрон, ояти 103 Худованд мефармояд: «Ва Шумо ҳама ба дини Худо чанг бизанед ва пароканда машавед». Инчунин аз Расули акрам (с) ривоят шудааст, ки гуфтаанд: «Ба якдигар ҳасад набаред; ва ба якдигар зиён нарасонед, ва ба якдигар кина нагиред; ва ба якдигар душманӣ накунед; ва баъзе аз Шумо бар савдои баъзеи дигаре савдо накунад; ва бандаҳои Худоро баробар бошед; бародар бародари мусулмон аст, бар ў зулм накунад, ўро хиёнат накунад; ўро таҳқир накунад.

Тақво ана ин ҷост. – Ва ба синаи худ се бор ишорат кард. – «Аз бадӣ ҳамин мардро басанда аст, ки бародари мусулмонашро нописандӣ кунад. (Ҳуқуқи ҳар як мусулмон назди мусулмони дигар муқаддас аст, хуни ў ва моли ў ва шарафу обрўи ў)».

Ҳаштум. Пешвои миллат ба ҳамаи ташкилоту созмонҳои давлатию ҷамъиятие, ки мақсаду ҳадафи онҳо ваҳдату ягонагист барои ҳамкориву ҷонибдории сиёсати пешгирифтааш даъват намуд, имконият фароҳам овард, то ки ваҳдату ягонагӣ дар Тоҷикистон пойдор гардад. Инак, ҳамқадами замони истиқлолият аст, ки Ташкилоти бонуфузи ҷавонон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки то ҳанўз шиораш «Барои Ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистон» аст, фаъолият мебарад. Инчунин пас аз баимзорасии созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи 20-уми июли соли 1997 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёиёни пойтахт ташкили Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро пешниҳод намуданд. Ин ду ташкилотҳои ҷамъиятии бонуфуз ва дигар созмонҳое, ки ҳадафи онҳо таҳкими ваҳдати миллӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад, фаъолияти густурда доранд, ки ҳамаи он ва тарғиби дастовардҳои бавуҷудомада низ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва мустаҳкамии пояҳои давлатдорӣ нақши асосӣ мебозад.

Нўҳум. Пешгирии низоъҳои шаҳрвандӣ, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар: маориф, фарҳанг, тандурустӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва суръати баланди ободониву созандагӣ дар кишвар маҳз аз «Сулҳ»-у «Ваҳдат» маншаъ гирифтааст. Ин неъмати бузургро бояд қадр намуд, ҳифз кард ва ба наслҳои оянда бояд тарғиб намуд. «Таърих сиёсатмадоронеро зиёд дидааст, ки давлати худро дар ҷаҳон муаррифӣ кардаанду сиёсати хориҷии худро ба ҷаҳониён қабул кунондаанд. Аммо нуктаи зариф ин ҷост, ки аксари онҳо бо зўри силоҳ, бо маҳсулоти пешрафта ва ё бо пулҳои ҳангуфт дар саҳнаи ҳаёт нақшофарӣ кардаанд. Пешвои миллати мо дар шароите қарор дошт, ки бояд ҷойгоҳи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ бе ракетаву бомба, бе эҳдои ёриҳои фаровони башарӣ, бе сарфи миллионҳо доллар дар самти таблиғоти расонаӣ, бе содироти технологияи нодир (ки дар ихтиёри кишвари мо набуд) баланд мебардошт». Имрўз хушбахтона Тоҷикистонро беш аз 150 давлати мутараққии ҷаҳон мешиносанд, Истиқлолияти давлатии кишвари моро расман эътироф кардааст ва робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ дорад.

Даҳум. Бо назардошти ҳамаи хизматҳои бузурги шоиста, рушди соҳибистиқлолии кишвар, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҷонибдории вакилони мардумии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» ва «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» эътироф гардиданд.

Ҳамин тариқ,Пешвои миллат имрӯз ҳамчун рамзи саодату сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ , раҳнамои беамсолифардои ободи миллату давлат ҷойгоҳи хоса доранд ва қарзи ватандории мардум аст, ки дар пайравии ин фарди наҷиб амалҳоеро ба роҳ монанд, ки Тоҷикистон ба кишвари муттараққӣ ва пешрави ҷаҳон табдил ёбад.

Ҳодибоев Фаридун сардори маркази иттилоот ва таҳлили ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ