​Тарбияи ғояи миллӣ

Таҳти ҳамин унвон бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумии МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" ва иштироки васеи донишҷӯён дар хобгоҳи рақами 2 - и Донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ ташкил ва баргузор гардид.

Дар оғоз устоди кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Аҳрорҷон Убайдуллоев дар мавзуи "Тарбияи ғояи миллӣ дар меҳвари Паёму дастурҳои Пешвои миллат" баромади пурмуҳтаво намуд. Мавсуф дар баромади хеш қайд намуд, ки тарбияи ғоявӣ категорияи ахлоқӣ буда, мақсади он дар шуури шаҳрванд ташаккул додани ғояи миллӣ мебошад. Вазифаи асосии ин мафҳум ҳимояи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёд ва таҳкими ҷомеаи демократӣ, эҳёи хусусиятҳои миллӣ, ҷавобгӯи манфиатҳои миллии халқҳои Тоҷикистон, ба давлати мутараққии ҷаҳон табдил ёфтани Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабу маориф ва омӯзгор баҳои баланд дода, таъкид намуданд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро, агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад. Миллат бесавод мемонад. Ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷаи ин ҳама оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”.

Дар қисми дуюми чорабинии тарбиявӣ донишҷӯёни курси якуми ихтисоси математика, гурӯҳи 101в бо барномаи рангини хеш бо шеъру сурудҳо ва рақсу таронаҳои дилангез хотири ҳамагонро шод намуданд.

Чорабиниро омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Аҳрорҷон Убайдуллоев ҷамъбаст намуда, ба донишҷӯён хониши аъло ва интизоми намунавӣ таманно намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ