​Тамоюлҳои рушди илмҳои табиатшиносӣ дар Тоҷикистон

Таҳти чунин унвон дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва 90-солагии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣ ҷумҳуриявӣ бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳа баргузор гардид.

Нахуст, иштиркдорон дар даромадгоҳи толори раёсат аз дастовардҳои илмии устодон, ки ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом меҳмононро хайрамақдам намуда, ба кориконференсия ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф қайд намуд, ки конференсия мазкур ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноаткунонии босуръат ва амалишави он мусоидат хоҳад кард. Аюб Усмонзода дар идома афзуд, ки сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи 31-соли соҳибистиқлолӣ барои рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Пешвои миллат дар суханронии хеш дар ҷаласаи нахустини Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мушкилоти соҳаи маориф, илм ва инноватсияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба олимон ва мутахассисони соҳаи мазкур чунин вазифагузорӣ кардаанд, ки: “Фаъолияти минбаъдаи олимони соҳаи биология, физиология ва генетикаи растаниҳо бояд ба омўзиш, ҳифз ва идоракунии устувори гуногуннавъии биологии растаниҳо ва арзёбии захираҳои табиии онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва таъсири омилҳои антропогенї равона карда шавад”.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун як ниҳоди бонуфузи илмӣ барои татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллаттабирҳои муайянеро роҳандозӣ менамояд. Айни ҳол аз рӯи самти илмҳои табиатшиносӣ 2 факултет ва 1 Институти илмӣ-тадқиқотӣ амал мекунад.

Сипас, Тоҷибой Султонӣ, намояндаи МИҲД вилояти Суғд баромад намуда, ташкилу бавргузории чунин тадбирҳоро дар рушди илми тоҷик, хосатан илмҳои дақиқ муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон профессори кафедраи зоология ва физиологияи одаму ҳайвонот, доктори илмҳои биологӣ Толибҷон Хабилов перомуни мавзуи "Видовое разнообразие рукокрылых Северного Таджикистана: 45 лет спустя" баромад намуданд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ конференсия мудири кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Шонаврӯз Самиҳов дар мавзуи “Технологияи коркарди маъданҳои фосфордори Тоҷикистон” ба тариқи онлайнӣ баромад намуданд. Дар идома дотсенти кафедраи биологияи тиббии факултети биология ва химия Мақсадой Обидова дар мавзуи “Роҷеъ ба пайдоиши номи баъзе элементҳои химиявӣ” ва дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва амалии факултети биология ва химия Обидин Тухтасунов дар мавзуи “Роҷеъ ба пайдоиши номи баъзе элементҳои химиявӣ” маърӯза ироа намуданд.

Конференсия кори худро дар чор бахш вобаста ба масоили муаммоҳои муосири табиатшиносӣ дар Тоҷикистон идома бахшид.

Дар бахшҳо зиёда аз 100 маърўзаҳои илмии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба масъалаҳои муаммоҳои муосири илмҳои биология, экология,усулҳои таҳлили физика-химиявӣ ва физиологияи тиб мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки маводи конференсия шомили зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ба нашр хоҳад расид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ