​Тамошои филми “Шикасти фитна”

Донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ филми мустанади «Шикасти фитна»-ро тамошо карданд. Ин ташаббус ҷиҳати таҳкими саводи сиёсии донишҷӯён ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва огоҳии онҳо аз вазъи ҳаводи сиёсии мамлакат ва ҷаҳон ба роҳ монда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки филми “Шикасти фитна” дар бораи омилони бетартибиҳои охир дар як қатор ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳия гардида, дар он парда аз ниқоби хиёнаткорон бардошта шудааст.

Донишҷӯён баъд аз тамошои филм байни ҳам табодули афкор намуданд.

Даъават ба амал оварда шуд, ки ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва ҳимояи сулҳу суботи сиёсии мамлакат кӯшиш намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ