​Таъмини сифати таҷрибаомӯзӣ

Донишҷӯёни соли чоруми ихтисоси олигофренопедагогика. Таҳсилоти томактабӣ давоми чор ҳафта донишҳои назарии худро дар доираи таҷрибаомӯзӣ дар амал татбиқ намуданд.

Таҷрибаомӯзии ин гуруҳи донишҷӯён дар ширхоргоҳ – кӯдакистони №26 – и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин иқдом бо ташаббуси таҷрибаомӯзон силсилаи чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ низ ба роҳ монда шуданд.

Аз ҷумла, бахшида ба оғози фасли баҳор ва Рӯзи модарон ҷамъомад доир гардид, ки дар доираи он аз ҷониби донишҷӯён ва кӯдакон шеърҳои пурмазмун қироат ва саҳнаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузоштанд.

Дар маҷмуъ, донишҷӯён муҳлати таҷрибаомӯзиро самаранок истифода бурда, баҳри таҳкими маҳорати педагогии хеш аз тамоми имконият истифода бурданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ