Таъмини амнияти кишвар вазифаи муҳими ҷомеа

Аз расонаҳо маълум гардид, ки дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ ҳарчанд вазъият зоҳиран ором бошад ҳам, вале дар асл ба амнияти минтақа хатар эҷод гардида будааст.

Муноқишаи байни кормандони милиса ва одамони боварибахши Мамадбоқир Мамадбоқиров, ки яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон мебошад, таърихи 14 ноябри соли ҷорӣ дар як посгоҳи БДА ба вуҷуд омадааст. Ҷонибдорони лидери ғайрирасмӣ чунин ақида доштаанд, ки мақомотҳои дахлдор нақшаи боздошти Мамадбоқировро доранд ва аз ин сабаб гӯё дар посгоҳ бо ҳамин баҳона муноқиша ба амал омадааст. Ба ҳамин мақсад дигар лидерони ғайрирасмии минтақа, ба мисли Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов даъват шуда буданд, ки як ҷо сарҷамъ гардида, вазъияти ба амаломадаро баррасӣ намоянд.

Вазъият то ҳамин дараҷа рафтааст, ки дар Хоруғ овозаҳои гуногун паҳн гардидааст, гӯё аз вазифа барканор гаштани раиси он Ёдгор Файзов низ аз қазияи фаъолияти лидери ғайрирасмӣ Мамадбоқир Мамадбоқиров иртибот дорад. Охирон боздошти ин лидери ғайриқонуниро хатарнок ҳисобида, онро ба субот нарасонидааст.

Аз рӯи ахбороти расида, ба гуфти шоҳидон М.Мамадбоқировро дар ҳолати мастӣ танҳо дар мошина ҳаракат намудааст ва аз ҷониби кормандони милиса дастгир шудааст. Ҷонибдорони вай лидерашонро аз дасти милиса кашида гирифта, байни онҳо ҷанҷоли лафзӣ ба вуҷуд омада, занозанӣ сар задааст. Кор то ҳамин дараҷа расидааст, ки яке аз кормандони милиса бо табар захмӣ мешавад.

Ҳарчанд лидерони ғайрирасмии Бадахшон ба мақомоти Ҳукумати Тоҷикистон тирамоҳи соли 2018 ваъда дода, дар санади дахлдор имзои хешро гузошта буданд, ки амалҳои ғайриқонуниро бар зидди амният ва бехатарии давлату ҷомеаро ба вуҷуд намеоранд. Баръакси ҳол онҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.

Пас аз таҳлили вазъияти ВМКБ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки гурӯҳбандиву дасисабозиҳои лидерони ғайрирасмии минтақа ба амнияти вилоят хатар эҷод мекунад.

Солҳои 90-уми асри гузашта ба мо як сабақи таърихӣ ва бардошти хубе ба ҳисоб меравад, ки чунин дасисабозиҳо ва амалҳои ноҷо дигар такрор наёбанд.

Нигоҳдорӣ ва таъмини амнияти кишвар ва минтақаҳои алоҳидаи он вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва мақомотҳои дахлдор ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷо, амалҳои ношоистаи лидери ғайрирасмӣ М.Мамадбоқировро маҳкум менамоем ва намегузорем, ки ба амнияти кишвар хатар эҷод гардад.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ