Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар донишгоҳ

Дирӯз дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён конференсияи илмиву адабӣ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, қайд дошт, ки ба тақвими санаҳои ҷашнӣ ворид гардидани Рўзи Рўдакӣ нишонаи эҳтиром ба сухан ва хирад, хусусан адабиёти оламшумули халқи тоҷик мебошад. Сарвари донишгоҳ иброз дошт, ки Пешвои миллат, аз нахустин нафароне ба шумор мераванд, ки дар арсаи сиёсати давлатӣ ба адабиёт, фарҳанг, аз ҷумла бунёдгузорони ин мактаби бисёр беназири адабиёти ҷаҳонӣ баҳои сазовор дода, бо такя ба анъанаҳои гузаштагон воқеан ба сохтани давлати сифр миллӣ ва таъмини ваҳдату якпорчакӣ камари ҳиммат бастаанд. Гуфта шуд, ки пас аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқўъ пайвастани чунин ташаббусҳои созанда барои таҳкими соҳибихтиёрӣ ва ваҳдату ягонагии халқи тоҷик мусоидат мекунад.

Сипас, Фирӯза Нуруллозода – муовини раиси шаҳри Хуҷанд ба сухан баромада кулли иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ табрик намуда, афзуд, ки бо назардошти ин мақоми таърихии Сарвари давлат таъкид намудан мумкин аст, ки тоҷикон дар миёни халқияту миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардуми соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз дошта, имрўз низ шеъри Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо нафар шоирону адибони гузаштаро озодона мефаҳманд ва дар гуфтугўйи ҳаррўзаашон истифода мекунанд.

Баъдан доктори илмҳои филология Мусо Олимҷонов дар мавзуи “Забони тоҷикӣ дар даврони Рӯдакӣ” маърӯза намуда, иброз дошт, ки камоли забону адаби тоҷик аз осори ӯ ибтидо мегирад.

Дар идома дотсент Сорбон Азизов китобҳои дар бораи устод Рӯдакӣ ба нашр расидаро муаррифӣ намуд.

Ҳамчунин донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик дар осори Рӯдакӣ намунаҳои назмӣ қироат намуда, саҳнаҳои аз рӯзгори устод ба намоиш гузоштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ