​Таҷлили Рӯзи Парчам: Ташкили 50 чорабинӣ - аз конфронс то семинару ҳамоиш

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати сазовор таҷлил намудан аз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд, ки дар меҳвари он арҷгузорӣ ва гиромидошти муқаддасоти давлатӣ қарор дорад. Чунин ташаббус ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола дар сатҳи шоиста роҳандозӣ мешавад.

Имсол низ Рӯзи Парчам дар сохтор ва факултетҳои донишгоҳ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Ба ин муносибат беш аз 50 чорабинии гуногунмазмун гузаронида шуд, ки ба таҷлили сазовору арзандаи ин ҷашни миллӣ замина гузошт.

Аз ҷумла, дар доираи чунин иқдом бо ташаббуси раёсату шуъбаҳои донишгоҳ ва садорати факултетҳо чорабиниҳои фарҳангӣ, семинарҳои омӯзишӣ, конфронси илмӣ-амалӣ, озмунҳои мухталиф, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар анвои чорабиниҳо ба роҳ монда шуданд.

Чорабинии расмии донишгоҳ дар толори раёсат бо иштироки ректори донишгоҳ професссор Ҷамшед Ҷӯразода дар Рӯзи Парҷами давлатӣ доир шуд.

Ректори донишгоҳ зимни суханронӣ аз иқдому ташаббусҳои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар самти таҷлил аз Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ба баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва худшиносии донишҷӯён имкон медиҳад, истиқбол намуд.

Дастоварди як қатор донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат”, ки дар арафаи таҷлил аз Рӯзи Парчам ба вуқуъ пайваст, руҳияи идонаи устодону донишҷӯёни донишгоҳро дучанд намуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайваста талош дорад, ки аз тамоми имконият истифода бурда, чорабиниҳои судманд ва муфидро, ки баҳри баланд бардоштаниҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонон мусоидат мекунанд, ташкил ва доир намояд.

Дар маҷмуъ, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар сатҳи арзанда ва бо шаҳомати хос ҷашн гирифта шуда, ба ин муносибат то кунун дар факултетҳо иқдоми самарабахш идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ