​Таҷлили Наврӯз дар донишгоҳ: “Наврӯз-ҷашни аҷдодӣ”

Таҳти унвони “Наврӯз-ҷашни аҷдодӣ” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии тантанавӣ доир гардид, ки дар он ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва доираи васеи устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Саҳни бинои донишгоҳро хаймаҳои наврӯзӣ ва намоиши дастоварду маҳсули эҷоду дастони ҷомеаи меҳнатӣ оро дода, ба чорабинӣ шаҳомати бештар бахшиданд.

Профессор Аюб Усмонзода ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро ба муносибати Наврӯзи байналмилал табрик гуфта, аз махсусият ва расму оинҳои ин ҷашни аҷдодӣ таъкид намуд.

Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистони зебоманзар ва соҳибистиқлоли мо баҳори нозанин бо як қатор ҷашнҳои хотирмону фараҳбахш ва аҷдодӣ оғоз меёбад, ки рамзи нек ва фоли наҷиб маҳсуб меёбад.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи ҷаҳониро, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии ҷаҳонишудаи аҷдодиамон дар масири таърих унвон намудаанд, ки тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст. Ҷойи ифтихор аст, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ҷашни бузурги аҷдодиамон - Наврӯз умри дубора касб карда, имрӯз дар саросари мамлакат ва берун аз он бо шукӯҳу шаҳомати бесобиқа таҷлил мегардад” – зикр дошт ректори донишгоҳ.

Дар идомаи суханронии профессор Аюб Усмонзода дастоварду навгониҳо ва дигаргуниҳои наҷиби равандҳои фаъолияти донишгоҳ аз Наврӯзи гузашта то Наврӯзи имсол мавриди таъкид қарор гирифтанд.

Қайд гардид, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷгузорӣ ба ҷашнҳои аҷдодӣ тадбирҳои зарурӣ анҷом дода, дар самти сазовор ва дар сатҳи шоиста таҷлил намудани суннатҳои миллӣ аз тамоми имконият истифода мебарад.

Ректори донишгоҳ Наврӯзро барои ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ ҷашни дӯстдоштанӣ унвон намуда, зикр дошт, ки ҳамасола дар тамоми сохтор ва факултетҳои донишгоҳ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.

Гуфта шуд, ки ҳамасола ба муносибати Наврӯзи Аҷам дар донишгоҳ бо ҷалби доираи васеи устодону донишҷӯён ташаббусҳои гуногун, аз қабили конференсия, семинар, чорабиниҳои фарҳангӣ, адабӣ, бадеӣ роҳандозӣ гардида, имсол низ чунин ибтикор беш аз пеш вусъати тозаву рангин пайдо намудааст.

Дар идома табрикоти Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба муносибати Наврӯз ба самъи устодону донишҷӯёни донишгоҳ расонида шуд.

Номбурда қайд намуд, ки ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, ҷаҳонишавии Наврӯз, мо, ворисони ин ҷашни зебову ҳумоюни аҷдодиро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан инчунин барои минбаъд дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии он иқдомҳои бештар намоем ва ба аҳли олам ҷиҳати муаррифӣ намудани фазилатҳои волои инсондӯстонаи он пайваста азму талош кунем.

Дар идома миёни факултетҳои донишгоҳ озмуни “Дастархони беҳтарин” ва “Оши палави беҳтарин” доир гардида, беҳтаринҳо муайян ва қадр шуданд.

Ҳамзамон, ғолибони спартакиадаи “Саломатӣ” аз ҷониби ректори донишгоҳ бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

P.s. Шукуҳу шаҳомати таҷлили Наврӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро аксҳо бозгӯ мекунанд:

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ