Таҷлил аз Рӯзи Ғалаба дар донишгоҳ

Ба муносибати Рӯзи Ғалаба бар пояи муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ воқеъ дар назди факултети тарбияи ҷисмонии донишгоҳ гулчанбар гузошта шуд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, собиқадорон ва доираи васеи устодони донишгоҳ иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро бо Иди Ғалаба табрик намуда, таъкид намуд, ки маҳз ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба собиқадорон ва пирони рӯзғордида таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, меҳнати шоёни онҳо дар назди халқу Ватан қадр мешаванд.

Гуфта шуд, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат сарфароз гардидани даҳҳо устодони донишгоҳ низ бо ордену ҷоизаҳо ва мукофотҳои баланди давлатӣ аз нақши арзишманди ҷомеаи меҳнатӣ дар рушди соҳаи илму маорифи кишвар дарак медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар донишгоҳ Шӯрои собиқадорон амал намуда, ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони факултетҳо, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, китобхонаи марказии илмӣ ва раёсати донишгоҳро муттаҳид менамояд, ки маҷмӯан 470 нафар собиқадорро сарҷамъ менамояд. Аз ин теъдод, 250 нафар нафақахӯр, 70 нафар собиқадор, 6 нафар собиқадори Қувваҳои Мусаллаҳ, 9 нафар барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, 1 нафар иштирокчии садамаи Чернобил ва дигар собиқадорони категорияҳои гуногунро ташкил медиҳад.

Профессор Аюб Усмонзода афзуд, ки дар тарбия ва тайёр намудани мутахассисони ҷавону насли ояндасози кишвар, дар замири донишҷӯён мустаҳкам намудани рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ, ва аз ҳама муҳим, омӯзонидани тарзу усулҳои озмудашудаи мубориза бо падидаҳои номатлуб, аз қабили гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта собиқадорони донишгоҳ саҳми арзанда доранд.

Маврид ба таъкид аст, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ ва сохторҳои он ҷиҳати қадрдонӣ ва ҳавасмандии устодони собиқадор таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Дар ин замина, танҳо дар соли 2022 беш аз 283 нафар устодону кормандон ва аз ин шумора 60 нафар собиқадори донишгоҳ барои барқарор намудани саломатӣ ба Осоишгоҳҳо сафарбар гардиданд. Илова бар ин, мунтазам аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи он собиқадорон аёдат мешаванд, ки теъдоди умумии он беш аз 70 нафарро ташкил додааст. Ректори донишгоҳ зикр намуд, ки дастгирии моддиву маънавии устодон минбаъд низ дар меҳвари асосӣ қарор дода шуда, шароити мусоид фароҳам мегардад.

Ҳамзамон, дар доираи иқдоми мазкур ба ду нафар собиқадорон-устодони донишгоҳ - Мамадов Ҳомидҷон, дотсенти факултети филологияи ӯзбек ва Саидмурод Ҳоҷиев, дотсенти факултети филологияи тоҷик медали “75 солагии Ғалаба” супорида шуд.

Барномаи фарҳангӣ ба таҷлили Иди Ғалаба дар донишгоҳ мазмуни бештар эҳдо намуд.

Хотиррасон менамоем, ки феълан ҷиҳати сазовор таҷлил намудан аз Иди Ғалаба дар тамоми факултетҳои донишгоҳ силсилаи чорабиниҳои гуногун идома дорад, ки тафсилоти он дар гузоришҳои минбаъда мунъакис мегарданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ