​Таҷлил аз рӯйдодҳои таърихӣ

Дар хобгоҳи №3 бо ташаббуси донишҷӯёни ихтисоси технология ва дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ бахшидаба 90 солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 30 солагии Иҷлосияи тақдирсоз ҷамъомад доир гардид.

Донишҷӯён дар бораи ин рӯйдодҳои таърихӣ маълумот доданд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки барои халқ, ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард. Мо дар ҳамин иҷлосия роҳи тақдирсозутаърихиихалқи тоҷикро муайян кардем, ки он бунёди ҷомаи озодва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад” – зикр шуд дар ҷамъомад.

Ҳамзамон, дар мавзӯи Ватан шеърҳо шунида шуда, сурудҳои дилнишин иҷро гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ