​Таҷлил аз 85 солагии Владимир Распутин

Бо ташаббуси кафедраи адабиёти рус ва хориҷа ба муносибати 85 солагии нависандаи машҳури рус Владимир Григоривич Распутин конференсияи илмӣ баргузор гардид.

Декани факултети филологияи рус Шаропова Раъно конфронсро ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз ташаббуси мазкурро шарҳ дод.

Дар идома муовини декан оид ба таълим Бойтемиров Рустам дар бораи ҳаёт ва фаъолияти нависандаи рус Владимир Распутин ба ҳозирин маълумот доданд.

Перомуни фаъолияти эҷодии нависанда Анисахон Яъқубова, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултет маърӯза намуда, ба иштирокчиён доир ба аҳамияти омӯзиши осори Владимир Распутин таъкид дошт.

Ҳамзамон, аз ҷониби як қатор донишҷӯёни соли чорум асарҳои нависанда - “Деньги для Марии», “Век живи и век люби”, «Уроки французского», «Живи и помни», «Последний срок» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Конфронсро мудири кафедраи адабиёти рус ва хориҷа Юнусова Гулчеҳра ҳусни анҷом бахшида, ба иштирокчиён ҷиҳати ироаи маърӯзаҳои пурмуҳтаво изҳори сипос намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ