​Такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ

Дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, бо ташаббуси кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ викторина таҳти унвони “В стране русской филологии” гузаронида шуд. Дар ҷараёни викторина донишҷӯён ба ду гурӯҳ тақсим шуда, дар доираи осори адибони классикони рус байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар фарҷом беҳтаринҳо бо туҳфаҳои садорати факултет қадршиносӣ шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ