Такмили маҳорати педагогӣ дар раванди таҷрибаомӯзӣ

Донишҷӯёни курси сеюми факултети забонҳои хориҷӣ барои дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” зери роҳбарии устодон таҷрибаомӯзии педагогии худро гузаронида истодаанд.

Дар раванди таҷрибаомӯзӣ донишҷӯи бахши 3 Муротова Мавлудахон дарси кушоди намунавӣ аз фанни забони англисӣ дар синфи 6а дар мавзуи “Hero cities” ташкил намуд. Дар дарси кушоди декани факултет дотсент Малоҳат Эҳсонзода ва устодон иштирок намуданд.

Таҷрибаомӯз дар ҷараёни дарси намунавии забони англисӣ аз воситаҳои муосири таълим аз ҷумла, тахтаи электронӣ, муаррифӣ ва аёниятҳои худсохт васеъ истифода намуд. Донишҷӯ-таҷрибаомӯз тавонист мазмуну моҳияти мавзуъро дар вақти ҷудошуда ба муҳассилин фаҳмонида диҳад. Ҳамчунин дар ҷараёни машғулият ҳамаи лаҳзаҳои дарс дар амал татбиқ карда шуда, таҷрибаомӯз тавонист ба мақсадҳои дар назди худ гузошта ноил гардад.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси таҷрибаомӯз аз лиҳози методӣ дурустташкил ва гузаронида шуд.

Дар интиҳо дарси таҷрибаомӯз мавриди таҳлил қарор гирифта, устодон ба донишҷӯ ҷиҳат боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани дарс тавсия ва пешниҳодҳои муфид доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ