Таклифҳои дилсӯзонаи роҳбари давлат
Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози сар задани низоъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон хоҳони бо роҳи мулоқот ва музокирот ҳал кардани низоъҳо буданд. Ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон дар ҷаласаи пуршукуҳ доир ба кишвари Афғонистон андешаҳои худро изҳор доштанд. Дар ҷаласаи байналмилалӣ таклифҳои дилсӯзонаи Пешвои миллат садо доданд, ки аз манфиат холӣ нестанд. Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори таҷрибадор пешниҳод карданд, ки барои ба низом даровардани вазъи кишвари ҳамсоя чунин тадбирҳо амалӣ гарданд:
Якум. Кушодани роҳрав и гуманитарӣ барои расонидани кӯмакҳои башардӯстонаро ба мардуми зарардида. Ин иқдом саривақтӣ буда дар ҳолати буҳронӣ ба ин кишвар манфиатовар аст.
Дуюм. Бо роҳи мусолиҳатомез ва музокира ҳал кардани низоъ дар Панҷшер. Ин таҷрибаро Тоҷикистон дар ҳангоми ба ҳам овардани тарафҳои муқобили ҳам истифода карда буд. Пешвои миллат ин роҳро барои ҳалли низоъ пешниҳод карданд.
Воқеан аз ин таклифҳои дилсӯзонаи Пешвои миллат ифтихорам меояд. Барои ҷасорати Ҷаноби Олӣ, ки барои манфиати тоҷикони бурунмарзӣ ва барқарор гаштани сулҳу субот барои ҳаммиллатонамон мекунанд, қоил мегардам. Пешвои миллат дар ҳолати ҳассос ҷасорат карданд, ки бо роҳи музокирот масъала ҳалли худро ёбад.воқеан дар ҳолате ки дигар давлатҳо нисбати толибон мавқеи худро пинҳон медоштанд, Эмомалӣ Раҳмон ошкоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи Тоҷикистонро зикр карданд. Он мавқеъ ҳам барои тоҷикони Афғонистон, ки дар сангари мубориза бо толибон буданд, рӯҳу тавон бахшид.
Пешвои миллат таклиф карданд, ки ҷонибҳои даргир ба Душанбе ҷамъ оянд ва дар мизи музокирот нишинанд. Зеро пешвои миллат хоҳони бе хунрезӣ ҳал кардани низоъ дар Афғонистон мебошанд.
Гумон мекунам, ки таклифҳои барои ба суботовардани вазъ дар кишвари ҳамсоя судманданд ва ба манфиати тарафҳои даргир мебошад.
Ислом Рахимов