​Таҳкими зиракии сиёсии ҷавонон

Дар толори факултети таърих ва ҳуқуқ бо намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқот доир гардид. Дар кори мулоқот масъулини ниҳоди мазкур – муовини сардори шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакил дар вилояяти Суғд подполковники милитсия Муҳарамзода Фаррух, Ваколатдори калони оперативии оид ба корҳои махсусан муҳими ҳамин шуъба майори милитсия Ғаффорзода Шукурҷон, масъулин аз раёсати донишгоҳ – мудири шуъбаи тарбия Шомирзоев Бахтиёр, деканони як қатор факултет ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Бахтиёр Шомирзоев, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ мулоқотро ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз ин ташаббусро баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон унвон намуд.

Дар доираи мулоқот омилҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ маврриди баррасӣ қарор гирифта, пайомадҳои он барои донишҷӯён шарҳ дода шуд.

Масъулини мақомот оид ба мавзӯи меҳварии мулоқот суханронӣ намуда, бо таҳлил аз сатҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонон роҳҳои мубориза бо зуҳуроти номатлубро фаҳмониданд.

Таъкид гардид, ки ҷавонон нерӯи пешбари ҷомеа ва ояндаи давлату миллат буда, дар раванди бадалшавии идеологияҳо таҳкими саводи сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо шарти муҳим аст.

Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо эҳсоси баландиватандӯстӣ ва худшиносӣ баҳри ҳимояи истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлол тамоми дониш, нерӯ ва тавоноии худро равона намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ