​Таҳкими донишҳои азбаркардаи донишҷӯён

Таҷрибаомӯзии педагогӣ қисми таркибии нақшаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ буда, он ба таҳкими донишҳои азбаркардаи донишҷӯён дар раванди таҳсил ва такмили малакаю маҳорати амалӣ дар касби интихобкарда равона гардидааст. Дар ин амина онишҷӯёни курси сеюми факултети биология ва химия, ихтисоси химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар МТМУ рақами №29 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҷрибаомӯзии педагогии худро оғоз карданд. Донишҷӯён мустақилона донишҳои назариявии хешро дар амал татбиқ намуда, маҳорату малакаи хешро такмил медиҳанд. Таҷрибаомӯзон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолияти омӯзгории худро оғоз намуда, бо роҳбарӣ ва машварату маслиҳати устодони худ дар ин самт қадамҳои устувор мегузоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади аз худ кардани касби омӯзгорӣ, нишон додани таҷрибаи пешрафта ва истифодаи он дар корҳои таълимӣ, ҳамзамон дар ниҳоди онҳо тарбия намудани ҳисси муҳаббат нисбат ба касби омӯзгорӣ таҷрибаомӯзии омӯзгори тибқи нақшаи таълимӣ дар факултетҳои донишгоҳ ташкил ва баргузор мегардад.

Дар раванди таҷрибаомӯзӣ роҳбарон тамоми саъю кӯшиши худро ба раванди сифати таълиму тарбия равона намуда, шогирдони хешро дар рӯҳияи баланди илмӣ ва ахлоқӣ тарбия менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ