Таҳкими ҳамкориҳо бо корхонаҳои истеҳсолӣ

Дар факултети забонҳои шарқ бо намояндагони корхонаи кӯҳии ҶСШ ТБЕА Душанбе дар минтақаи шарқии Дуоба ва Кумарғи болои ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир гардид.

Дар мулоқоти мазкур мудири шуъбаи кадрҳои корхонаи мазкур Ҷанг Гуан Хуэй, тарҷумони шуъба Зоиров Ҷамшед, мутахассиси шуъбаи геологии корхона Нуриев Шаҳзод ва масъулини донишгоҳ - мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ дотсент Пӯлотов Назирҷон, декани факултети забонҳои шарқ, дотсент Раҳимов Ислом, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Қосимова Марҳабо ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Ҳадаф аз ин иқдом таҳкими ҳамкориҳои ҷонибҳо ва ҷалби хатмкунандагон ба ҷойҳои корӣ унвон мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур метавонад донишҷӯёни лаёқатмандро ба Чин барои таҳсили бакалавр бо рӯпӯш намудани тамоми хароҷот сафарбар намуда, ҳпас аз хатми донишгоҳ бо ҷои кории доимӣ ва маоши баланд таъмин намояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ