​Тақдими дипломҳои дараҷаи докторӣ ва номзадӣ

Дар толори раёсати донишгоҳ ба як қатор устодони донишгоҳ дар фазои тантанавӣ дипломҳои дараҷаи доктори илм ва номзади илм супорида шуд. Иҷрокунандаи вазифаи ректори донишгоҳ, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов устодонро ҷиҳати дифоъи муваффақонаи рисолаҳои илмӣ табрик гуфта, барояшон дар идомаи фаъолият барору муваффақият таманно кард.

Аз ҷумла, ба мудири кафедраи таърихи умумӣ ва диншиносии факултети таърих ва ҳуқуқ Аюбов Абдусалом дипломи дараҷаи илмии доктори илмҳои таърих, ки аз Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия” дастрас гардидааст, супорида шуд. Чунин диплом аз рӯйи дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ ба мудири кафедраи назарияи иқтисодии факултети иқтисодӣ Алиҷонов Ҷамшед низ, ки аз Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” супорида шудааст, тақдим гардид.

Инчунин, ба як қатор устодони донишгоҳ дипломҳои дараҷаи номзади илм тақдим гардид.

Дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастрас гардидааст, ба сармуаллимаи кафедраи методикаи таълими математика ва технологияҳои информатсионӣ, мудири бахши ҳисоби муҳосиботи донишгоҳ Собитов Мазбут супорида шуд.

Айнан чунин диплом ба сармуаллимаи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Ҳошимова Гулшан ва муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забони хориҷӣ Наҷмиддинова Тахмина низ супорида шуд.


P.s. Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ устодонеро, ки бо дипломҳои дараҷаи доктори илм ва номзади илм сарфароз гардиданд, табрик гуфта, барои онҳо дар таҳкими фаъолияти илмӣ дастовардҳои бештар таманно мекунанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ