​Тақдими диплом ва мукофотпулӣ ба ғолибони озмуни “Олими сол – 2021”

Дар чорабинии тантанавии донишгоҳ ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ғолибони озмуни “Олими сол – 2021” низ қадр шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар бахши илмҳои дақиқ Мирзобаҳодурова Шаҳноза, доктори илмҳои биология, декани факултети биология ва химия ва Ғаффорзода Абдуманон, дотсенти факултети математика сазовори ҷойҳои сеюм гардида, Қурбонова Фирӯза, дотсенти факултети иқтисодӣ ҷойи дуюм ва Абдураҳимов Садриддин, профессори факултети геоэкология ва туризм ба гирифтани мақоми аввал сазовор шуданд.

Дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ мақомҳои ифтихориро дотсент Маҳмадшоев Маҳмадшоҳ, мушовири ректори донишгоҳ - ҷойи сеюм, Комилов Каримбой, дотсенти факултети филологияи тоҷик - ҷойи дуюм, Раҳимов Набиҷон, доктори илмҳои таърих, профессори факултети таърих ва ҳуқуқ - ҷойи якум соҳиб гардиданд.

Ба ғолибон диплом ва мукофотҳои пулӣ аз 2 то 3 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Тибқи маълумоти раёсати илм ва инноватсия, ғолибони даври донишгоҳии озмуни “Олими ҷавони сол-2021” дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ Ашрапов Баҳодур, сармуаллими факултети забонҳои Шарқ, Зайтметов Ҳусейн, дотсенти факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ, Ҳоҷиев Абдуфаттоҳ, дотсенти факултети филологияи тоҷик муайян шудаанд.

Ҷойҳои ифтихориро аз рӯи ин номина дар бахши илмҳои дақиқ Иброҳимов Пайрав, сармуаллими факултети физикаю техника, Сатторова Манзура, дотсенти факултети иқтисодӣ ва Тухлиев Дилшод, сармуаллими факултети математика насиб шуданд.

Ба ғолибон диплом, медал ва мукофоти пулї дар њаљми аз 1500 то 2500 сомонї супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ