​Тахаллуси нави Кабирӣ

Бо фармоишу дастурҳои хоҷагони хориҷӣдар саҳнаи сиёсат пайдо гаштан ваҷилвадории ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати Ислом барои аксарияти ҷомеа далели беисбот аст ва ҳатто маълум аст, ки ин хоҷагони маблағгузори наҳзатиёни палид кистанд!? Нобакорони наҳзатӣ бо тамаллуқу чоплусӣ амсоли канаи хунмак ба хоҷагони худ часпидаанду дар сафи аввал Кабирии мунофиқ ҷой гирифтааст. Нафаре, ки бо иғвогарию дасисабозиҳои пайваста тавонист устодони ҳизбиашро чапғалат дода ба роҳбарӣ мушарраф гардад, дар тамаллуқкорӣ чун рӯбоҳи сарсафеди думзард низ ҳамто надорад. Мазҳаби падариашро дигар кардаву Ватани худро ба ивази маблағу мансаб фурӯхтааст, чӣ тавр дар ин ҷаҳон зиндагонӣ кунад? Мушоҳида меравад, ки Кабириро ҳирси маблағ ба ҷое бурдааст, ки шабҳо хобаш намебараду чун чуғз боовози дилхароши ҳилагарӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ фитна меангезад. Аҷоиботи кор дар ин аст, ки матни баромадҳои Кабирию ҳаммаслакони чоплусаш умумиятҳои саршумори маъноӣ ва равиявӣ дорад, ки шаҳодати манбаи ягона доштани онҳо мебошад. Итминон меравад, ки тарҳи кашидаи хоҷагони аҷнабиро ин маккори наҳзатӣ ба чоплусони худ ифшо медораду лаббайгӯёнаш тӯтивор такрор менамоянд.

Макру фитнаи наҳзатиён бо сардории Кабирии манфур барои мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлоли биҳиштосо маълуму ошно буда дигар асаре надорад. Зеро, мардум аз ин ҳилаю дасиса ва бадандешиҳо сипари боэътимоде чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд ва дар партави ҳидоятҳои созандаи ин шахсияти мӯътабар пешаи бунёдкориро интихоб кардаанд ва ҳаргиз роҳи пуршарафро дигар нахоҳанд кард.

Ҳарзаҳои шабонагӯии Кабирии муртад, ки бештар лаҳҷаи ҳангоматалабӣ дораду рӯпӯшкунии ғарази нопок – ғасби ҳокимият бо нағмаю найрангҳои сиёсӣ мебошад моро водор менамояд, ки минбаъд ба ин нобакори палид номҳои инсониро ҳайф донему танҳо лақабу тахаллуси ӯро ба забону хат қайд намоем. Дар радифи амалҳою суханпардозии маккоронааш пешниҳод менамоям, ки минбаъд ба ивази ному насаби Муҳиддин Кабирӣ тахаллуси “Чуғзи бадбӯй ва бадгӯй” истифода гардад. Ин муртад танҳо сазовори чунин ибора асту бас!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ