​Тааҷуби Кабирӣ!

Фарди солимақлу соҳибaтафаккур давоми умри хеш пайваста баҳри қонеъ гардонидани завқи бадеӣ ва эстетикии худ мекӯшад ва дар ин раванд сайругашти саҳарӣ ё бегоҳӣ барои саломатӣ ва ҳам рӯҳияи нав мақбултар аст. Ҳатто, нафарони пастфитрату муғриз низ аз чунин таълимотҳо бархурдоранд ва барои ҷунбиши ғояҳои ифротӣ дар майнаи пучи бемағз ҳавас ба сайругашт доранд. Нафари хоину Ватану мазҳабфурӯш Муҳиддин Кабирӣ – роҳбари тӯдаи ватангадоёнисаргардони наҳзатӣ низ ҳаваси сайругашт дорад. Зеро, “ҷонбози”-ҳои палидонааш ӯро хаста месозаду ӯ аз нерӯи табиат мехоҳад барои худ маншаъ гирад. Чунки, табиат муҳити поку беолоиш асту ҳатто ба муртадон низ нафъ мебахшад. Танҳо нафарони нонкӯри қадри намакдон намедониста оғӯши табиати биҳиштосоро ба сарқути мизи хоҷагони дасисабози хориҷӣ иваз мекунанд.

Ҳангоми сайругашти Кабирии мунофиқ дар кӯчаҳои пурғавғою сермағали Аврупо кӯдаки маъсуме аз ӯ номи дарахтони атрофро пурсида чӣ будани ҷалғӯзаи булутро фаҳмидан мехоҳад. Кабирӣ бо тааҷубу ҳайрат ба кӯдаки 8-10 сола нигоҳ мекунаду ба суоли ӯ намедонад чӣ ҷавоб гӯяд?! Зеро, майнаи холии сарашро ғояҳои ифротию нақшаҳои иғвоангезӣ, бӯҳтонбофӣ ва ғайра пур кардаасту дигар маълумоту донишро ҷой намондааст. Новобаста аз чунин ҳолат бо виқори худбинӣ, бо забони носаҳеҳи аҷнабӣ ба кӯдак фаҳмониданӣ мешавад, ки ҷалғӯза нишонаи ба воя расидани дарахт мебошад, вале номи дарахт барояш ошно нест. Дар навбати худ кӯдаки маъсум дар ҳайрат меафтад, ки чӣ тавр нафари калонсол на номи дарахт донаду на аҳамияти ҷалғӯза? Бо таасуфи зиёд кӯдак ба Кабирӣ изҳори сипос менамояду бо дуршавӣ аз ӯ бо нафари мушоҳидакор дучор шуда ӯ ба ҳамаи саволҳои кӯдак ҷавоби муфассал медиҳад. Дар натиҷа кӯдак тасаввуроте пайдо мекунад, ки на ҳамаи калонсолон дониш доранду байнашон фиребгари иштибоҳовар бештаранд, ки яке аз чунин афродро имрӯз рӯбарӯ шудааст.

Мутаасифона, ҳатто дар ин саҳнаи ночизи ҳаёт Кабирии фосиқ бо чаласаводии худ натавонист холе барои худ пайдо кунад.

Бар ҷойи хулосаи ҳодисаи баёнгашта метавон баён намуд, ки зуҳуроти ҷаҳонбинии маҳдуд ва ноогоҳӣ аз донишҳои оддӣ боис гардид, ки Кабирӣ натавонист тамаддунофариву фарҳангсолории миллати шарифи тоҷикро муаррифӣ намояд. Баръакс, исбот намуд, ки майнааш олудаи палидию ғашиҳои асту дар он саводи казоӣ барои беҳбудии ҷомеа вуҷуд надорад.

Вой бар ҳоли фарзандони Кабирии муртади ифротгаро!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ