Шӯрои олимон: Баррасии дурнамо ва мушкилоти корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва робитаҳои байналмилалӣ

Дирӯз дар толори калони раёсат ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом баргузор гардид.

Беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ аз масъалаҳои меҳварии Шӯрои олимон буд.

Ректори донишгоҳ ҷаласаро ифтитоҳ карда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.

Сипас, беҳдошти корҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ дар факултетҳои геоэкология ва туризм, биология ва химия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки фаъолиятифакултетҳо дар асоси «Низомномаи факултети муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар раванди корҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявиро дар асоси Стандартҳои давлатӣ ва нақшаҳои таълимӣ ба роҳ монда, дар давоми ду соли охир ба чанд муваффақияту дастовардҳо соҳиб шудаанд. Ҳамзамонзикр шуд, ки барои боз ҳам беҳтар шудани сифати таълим, беҳдошти фаъолияти илмӣ, тарбиявӣ, густариши робитаи баналмилалӣ ба садорати факултетҳо зарур аст, ки ба масоили тайёр намудани мутахассисони соҳибунвон, ҷиҳати тайёр кардани соҳибунвонҳои то 35-сола, махсусан аз ҳисоби унвонҷӯёну докторантон ва бо ин сабаб паст кардани синни миёнаи устодони соҳибунвон диққати махсус равона намоянд.

Муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Набизода Мирзотоҳир оид ба “Рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии “Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар кафедраҳо ва факултетҳо”-и донишгоҳ гузориш дод. Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади иҷрои банди Қарори мазкур ва нақшаи тасдиқгардида дар миқёси донишгоҳ беш аз 2800 чорабинӣ, аз ҷумла 64 конфронс, 579 суҳбат, беш аз 400 чорабинии фарҳангӣ ва монанди инҳо ташкил ва гузаронида шуданд.

Тибқи рӯзномаи Шӯро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор, Хайрулло Сабурӣ доир ба натиҷаи фаъолияти илмӣ-инноватсионии донишгоҳ дар соли 2022 ва ҷамъбасти озмунҳои “Олими сол 2022”, “Олими ҷавони сол - 2022”, “Магистри сол - 2022”, “Докторанти сол - 2022”, “Кафедраи беҳтарини сол - 2022” маърӯза намуд. Мавсуф афзуд, ки фаъолияти раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ нахуст ба амалӣ намудани амру фармон, дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигаронида шудааст. Таъкид шуд, ки дар маҷмӯъ, 98 номгӯи китоб то имрӯз чопшударо 7 адад китоби дарсӣ, 24 монографияи илмӣ ва таҳияи матнҳо, 34 адад дастури таълимиву методӣ, комплекси таълимӣ-методӣ ва 33 номгӯ маҷмӯи мақолоти илмӣ ташкил медиҳанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ 57 конференсия – аз он ҷумла: 3 конференсияи байналхалқии онлайнӣ, 12 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 4 конференсияи вилоятӣ ва 38 конференсияи илмии умумидонишгоҳӣ, 24 мизи мудаввар, 51 маҳфили илмӣ, 42 семинари илмӣ назариявӣ, 34 озмун, 40 чорабинии илмӣ ва 36 виктаринаю мастер - классҳои дигари илмӣ, ки дар маҷмуъ 284 чорабинии илмиро дарбар мегиранд, ташкил ва баргузор гардиданд.

Дар идома гузориши сардори маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ дотсент, Фаридун Ҳодибоев шунида шуд. Мавсуф зикр кард, ки маълумотномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаи комиссияи аттестатсинии Донишгоҳ 235 саҳифаи чопиро ташкил дода, дар он баробари зикри муваффақиятҳо баъзе аз камбудиву норасогиҳо баён гаштаанд, ки дар асоси он Нақшаи чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ иборат аз 132 номгӯи чорабиниҳо таҳия, тасдиқ, ба ҳамаи сохторҳои дахлдор дастрас ва мавриди иҷро қарор дода шудааст.

Зимни таҳлилу муҳокимаи масъалаҳо гуфта шуд, ки ҷиҳати беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ дар факултетҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар идома масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Зимни баррасии масъалаҳои зикршуда ва дархосту пешниҳодҳо аз ҷониби Шӯрои олимони донишгоҳ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ