Сулҳи ҷовидон пояда бод!

Ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нав — гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ва рушди онҳо оғоз намоем. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ таъкид доштанд, қаҳрамони сулҳи тоҷикон маҳз халқ аст, зеро танҳо дастгирӣ ва ҷонибдории мардум буд, ки имзои созишномаи сулҳро наздик сохт. Дар хотир бояд дошта, бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар як сокини кишвар, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ вобастагии калон дошта, ҳар яки моро водор месозад то дар роҳи таъмини суботу амнияти он доимо талош варзем. Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваста буда, нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии кишвар маншаъ мегирад.

Аммо мутаасифона, чуноне ба назар мерасад, баъзе ҷавонони мо номи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ тавассути сомонаҳои интернетӣ бадном сохта бозичаи дасти гуруҳҳое мегарданд, ки онҳо нооромии Ватани азизу маҳбуби моро мехоҳанд. Дар чун ҳолат мо мардуми кишвар набояд ба доми ин гуруҳҳои дасисабоз афтем, балки бояд мо сарҷамъу мутаҳҳид ва дастгирӣ якдигар бошем.

Мо омӯзгорон он, амалҳои хиёнаткороне, ки дар сомонаҳои интернети мардумро ба доми худ мекашанд сахт маҳкум карда, дигар намехоҳем, ки боз ҳамон тохтутозҳои бемаънӣ, куштору сӯхтор, ҳамдигарбадбиниҳо ва иҷборан муҳоҷиршавии солҳои 90-уми қарни гузашта рух диҳанд. Барои мо мардуми Тоҷикистон осмони соф, иттиҳод, меҳнати озод, Сулҳу Ваҳдат зарур аст на куштору ҳамдигарбадбиниҳои солҳои 90-уми қарни гузашта.

Мо аҳли адаб барои рушду нумуи Тоҷикистони азизамон имрӯзҳо ҷидду ҷаҳд намуда, сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосоро беш аз ҳарвақта дӯст дошта, дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам мустаҳкам гардида, Ватанамонро аз таҳдиду амалҳои зишти хоинони миллат эмин медорем. Мо омӯзгорону устодон дигар намегузорем, ки ба хоки Ватанамон пойи нохалафе бирасад. Нақшавҳои хиёнаткоронаи бархе аз дасисабозон амалинашаванда буда, мардуми тоҷик ҳеҷ вақт онҳоро дастгирӣ нахоҳанд кард.

Вализода Шоирахон - номзади илмҳои педагогӣ, сармуаллимаи

кафедраи педагогикаи иҷтмоӣ ва касбӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ