Сулҳ пояи ваҳдати миллист

Сулҳ, ваҳдат, якдиливу якпорчагӣ омилҳое ҳастанд, ки мардумро сарҷамъу кишварро муттаҳид месозанд. Танхо бо рохи вахдат, якдигарфахмии истиқлоли кишварро мухофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Худшиносӣ ва худогохии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Чуноне, ки дар китоби муқаддаси “Авасто” омадааст: “Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек”. Ин гуфтаҳо қарнҳост, ки шиори мо дар раванди давлатдориву зиндагист. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотхои олам гардидааст. Танхо дар сурати вахдату якдили мо тавонистем душворихо ва монеаҳои зиёдеро паси сар намоем.Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Вале нафароне ҳастанд, ки ин сарсабзиву хуррамӣ ва шукуфоии моро чашми дидан надоранд. Ин гуна ашхос Муҳиддин Кабириву ҳаммаслакони вай аъзоёни ҲНИ мебошанд. Онҳо ҳамеша аз паи вайрониву ба иғво андохтани мардуми тоҷик ҳастанд. Воқеаҳое, ки дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон рух доданд исботи ин гуфтаҳоянд. Онҳо хостанд бо истифода аз фурсати муносиб мардумро сарнагун сохта кишварро бесарусомон гардонанд. Хушбахтона амнияти миллӣ ғалаба кард ва ин бесариҳо дер давом накард. Имрӯз мо худамон шоҳиди он ҳастем, ки дар кишварҳои ҷаҳон гирдиҳамоиву этирозҳо ва дар дигаре офатҳои табииву ҷанг шуда истодааст. Агар мо зиракии сиёсиро аз даст диҳем бо мо ҳам чунин воқеа рух доданаш мумкин. Зеро он хоинон ҳамеша аз паи иғвову хархаша ҳастанд ва аз пашша фил сохта моро сарнагун сохтани ҳастанд. Бинобар ин ман ба тамоми мардуми тоҷик муроҷиат намуда гуфтаниям, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи кишвари худ мубориз бошед.

Биоишаи Назар, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ