Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,
Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,
Равнақу шодию барор оварад.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон бо сулҳофарии худ шуҳратёр гардид. Маҳз бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини мо сулҳу ваҳдат пойдор гардид. Эмомалӣ Раҳмон меъмори ваҳдат, сулҳ ва зиндагии осудаҳолона гардид. Пешвои муаззами ояндасози мо, гурезаҳоро ба Ватан ба манзилҳояшон баргардонд, зиндагияшонро обод гардонд, ватан ва халқи тоҷикро аз фитнаю хунрезиҳо наҷот бахшид, миллати тоҷикро аз хоби ғафлат бедор карда ба роҳи рост ҳидоят кард. Ду гурӯҳи мухолифро тавонист дар муддати кӯтоҳ ошти диҳад. Ду тан, ки бо ҳам омад, ғазаб аз байн рафту миёни онҳо дарахти сулҳ реша ронд. Аз ин рӯ барои миллати тоҷик санаи 27-уми июн санаи муқаддас гардид ва ҳамасола чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари кишварамон таҷлил карда мешавад.
Вале нохалафон чун Кабирӣ боз ҳам дар ақидаҳои ифродии худ ҳастанду намегузоранд, ки мардуми тоҷикосудаҳол бошад. Дар баромади охири худ Кабирӣ бо радиои “Озодӣ” иброз дошт, ки мардуми тоҷик барои муҳофизати озодии худ бояд силоҳ ба даст гирад ва барои озодии худ мубориза барад. Бояд қайд намуд, ки вақте, ки мо худ ОЗОД ҳастем ва ҳамачиз барои мо муҳайё аст, пас муборизаву ҷанг барои чист? магар бояд баҷои обод кардан мо бояд вайрон кунем? Ин чи ақидаи аҳмақист. Мо ҳаргиз ба ин роҳ намедиҳем. Ҷанг –ин сӯхтан шикастан хароб кардан аст. Меваи сулҳ ширин асту меваи ҷанг талх. Аз сулҳ боғ мемонаду аз ҷанг доғ.
Аз ин хотир сулҳ муҳофизаткунанда ва ҷанг маҳвкунанда аст. Сулҳ –ин лабони пурхандаи модарон. Ҷанг – ин ашки сӯзони нолаи ҷонгудози модарон аст. Пас худ қазоват кунед, кадоме аз инҳо беҳтаранд. агар мо ба сапсатаҳои Кабирӣ дода шавем оқибат ҳоламон чун мардуми Афғонистон мешавад. Ба азобу шиканҷаву беадолатиҳои он золимон гирифтор мешавем. Худ мақсади онҳо низ ҳамин аст ва мо бояд бар зидди ингуна амалҳову ақидаҳои ифроди мубориза барем ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем.
Зеро сулҳ ва ҳаёт аз ҳам ҷудонашавандаанд, агар сулҳу амонӣ бошад, он гоҳ шукуфоии дарахтон, болафшонии кабӯтарон, тулӯи офтоби зарринбол, нигоҳи гарми модарону хандаи беғаши кӯдакон ба назари кас таровиши зебое пайдо мекунанд. Хоби ором, хандаи кӯдакон, ҳузуру ҳаловати модарон, амалишавии орзуву ормони одамон ҳама аз сулҳу амонӣ бар меояд.
Биоишаи Назар