​Сулҳ асоси зиндагӣ ва ободии диёри азизи мо!

Сулҳу амонӣ асоси зиндагӣ, хушбахтиву шодкомиҳо буда, ба туфайли он одамон бо хотири ҷамъ, баҳри ояндаи дурахшон, баҳри ободии диёру хонадони худ меҳнат мекунанд. Сулҳ шоистатарин неъмати рӯйи замин аст. Сулҳ ва ҳаёт аз ҳам ҷудонашавандаанд, зеро агар сулҳу амонӣ бошад, он гоҳ шукуфоии дарахтон, болафшонии кабӯтарон, тулӯи офтоби зарринбол, нигоҳи гарми модарону хандаи беғаши кӯдакон ба назари кас таровиши зебое пайдо мекунанд. Хоби ором, хандаи кӯдакон, ҳузуру ҳаловати модарон, амалишавии орзуву ормони одамон ҳама аз сулҳу амонӣ бармеояд.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон бо сулҳофарии худ шуҳратёр гардид. Маҳз бо кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини мо сулҳу ваҳдат пойдор гардид. Эмомалӣ Раҳмон меъмори ваҳдат, сулҳ ва зиндагии осудаҳолонаи мардуми азобдидаи тоҷик гардид. Тавре ки огоҳ ҳастем, Президенти хирадманду ба халқ дилсӯзи мо гурезаҳои давраи ҷанги шаҳрвандиро ба Ватан баргардонд, манзилҳояшон, зиндагияшонро обод гардонд, ватан ва халқи тоҷикро аз фитнаю хунрезиҳо наҷот бахшид, миллати тоҷикро аз хоби ғафлат бедор карда, ба роҳи рост ҳидоят кард. Пешвои миллат тавонист ду гурӯҳи мухолифро дар муддати кӯтоҳ оштӣ диҳад, яъне ду тан бо ҳам омад, ғазаб аз байн рафту миёни онҳо дарахти сулҳу амонӣ решаи устувор давонд.

Имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки гурӯҳи террористии «Толибон» давлати Афғонистонро ба доми худ гирифтааст. Дар натиҷаи амалҳои террористӣ пеш аз ҳама мардуми бегуноҳи ғайринизомӣ қурбон мешаванд. Лозим ба ёдоварист, ки дар байни ҷангиёни «Толибон»зодагони Тоҷикистон низ ҳузур доранд. Ин он кувваҳое мебошанд, ки солҳои гуногун ғайри конунӣ ба таҳсил рафта, дар марказҳои таълимии мамолики исломӣ, аз ҷумла Покистону Эрон мазшӯйӣ шуда, амалҳои террористиро омӯхтаанд. Ин гурӯҳҳои зодагони Тоҷикистонро доираҳои харосатафкан ва ифротӣ метавонанд барои ноором кардани вазъи Тоҷикистон истифода баранд. Гурӯҳҳои «Давлати Исломӣ» барои зиёд намудани сафҳои худ ҷавонони Афғонистонро ба тарафи худ ҷалб мекунанд. Вазъи Афғонистон ба ин кор мусоидат мекунад, зеро факр ва бекорӣ дар ин кишвар зиёд аст.

Чомеаи Тоҷикистон бояд нисбат ба терроризм руҳияи оштинопазир дошта бошанд. Бояд нагузорем, ки ғояхои инсонбадбинии террористон дар ҷомеаи мо реша давонанд. Нагузорем, ки ба ин зуҳуроти даҳшатафкан гурӯҳе таваҷҷӯҳ намоянд. Мо низ омӯзгорон ва тарбиятгарони ҷавонон онҳоро дар руҳияи ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва бегонапарастӣ тарбия намоем ва ба таблиғоти сиёсии душманон дода нашуда, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.

Кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ