Шукри обу шукри нонат мекунам
Чуноне, ки мо аз таърих медонем дар Иҷлосияи ХVI - Шӯрои Олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардид, корвони сулҳи тоҷикон оростаи сафар гардид, ки пешвои роҳнамо ба раҳбари Эмомалӣ Раҳмон ин корвони умедро сарвари менамуд, ки дар он вақтҳо ватани азизи мо дар оғуши ҷанги бародаркуш қарор дошт. Хавфи аз миён рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва халалдор шудани тамомияти арзии он рӯз аз рӯз бештар мегардид. Бародар бо бародар теғ мекашид садҳо одамони бегуноҳ, пиру ҷавон, занону духтарон, ваҳшиёна кушта шуданд, садҳо кӯдакон ятиму бепарастор монданд, ҳазорҳо хонаву корхонаҳо харобу валангор шуданд.Ҳазорҳо нафар мардуми бегуноҳ хонабардуш шуда, тарки ватан менамуданд.
Дар чунин шароите, ки ҳаёти мардум зери хатар қарор дошт ва давлат ба вартаи ҳалокат мерасид дар Қасри Арбоби Хуҷанд Иҷлосияи 16 шӯрои Олӣ даъват карда шуд. Дар нахустин суханронии худ Сарвари тозаинтихоби ҷумҳурӣ савганди садоқат ба халқу ватан хурда, ба парчами давлатӣ арҷгузорӣ карда, изҳор карданд, ки «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард, то як тоҷик дар ғурбат аст, ором нахоҳам шуд. Дар ин роҳ ман тайёрам ҷони худро нисор созам». Ин суханҳои самимии Сарвари давлат аз қалби пурмеҳр ва дардноки ӯ берун омад ва ба дидаи пурнам ва ба дили пурғами мардум нишаст. Дар ҳақиқатҳам Пешвои муаззами мо ба савгандихуд устувор истоданд ва ба ваъдаи худ вафо карданд. Ба мардуми тоҷик сулҳи деринтизорро оварданд ва мамлакатро дар як муддати кутоҳ ба макони ободу осоишта мубаддал гардонида машҳури ҷаҳон карданд.
Мо ба сохти давлатдории ин абармарди хирад, ки АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛИИ мо тоҷикон аст эътимодӣ қавӣ дорем ва то ҷон дар бадан дорем барои ободиву осоиштагии халқамон камари ҳиммат мебандем. Мо ҷавонони баору номусӣ кишвар ҳастем ва ҳеҷгоҳ ба Кабирибарин инсонҳои бадсиришту пуркина бовар намекунем. Банда ба ҳамаи ҷавонони боору номуси кишвар муроҷиат намуда гуфтани ҳастам, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба халқу Ватани азизи худ хиёнат накунанд. Зеро хиёнатро на дин на давлат ва на оила мебахшад.
Биоишаи Назар