Суханони хоинон набояд роҳбари афкори мо бошанд!

Ҳар рӯз дар арсаи олам ҳодисае ба вуқуъ мепайвандад, ки нисбати ба онҳо бепарвову бетараф будан ҳаргиз раво нест. Ин ба монанди пайдо шудани ҳаргуна наворҳои номатлуб ва сиёҳкунандаи номи давлат, миллат ва сардори давлат. Чункин кирдору рафтор ин нишондиҳандаи сатҳи пасти шуури сиёсӣ ва маъданияти худи ҳамон шахсоне, ки муллифи ин хабарҳо мебошанд. Мо ҷавонони имрӯза дар вақти хондан ва воридшудан ба ҳаргуна шабакаҳо ва сайтҳои интернети ва гузондани “like” хоҳ нохост бошад ҳам бояд хушёр бошем ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем. Чунин кирдори фикр накарда содир намудаи мо ин ҳаводиҳӣ баҳри зиёдшавии ва мустакамшавии боварии хоинони давлат мегарданд.

Имрӯзҳо ифротгароёни халқи тоҷик садои шаголмонди худро аз кунҷҳои дунё бароварда истодаанд. Гарчанде, ки онҳо дар мамлакати мо қарор надоранд, бо вуҷуди ин, онҳо аз берун зарари худро ба Тоҷикистон хоҳанд расонд. Яке аз чунин душмани давлату миллати тоҷик Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки берун аз давлат истода заҳри худро мисли мори афъи ба мардуми Ватани азизамон мечошад.

Шахси бомаърифат бояд ба суханон, навор ва хабарҳои бардурӯғи душманони миллат бовар накунад. Зиндагии орому осудаи худро ноором нагардонад. Хоиҳои Ватан аз мамлакатҳои хориҷ ба сари миллати тоҷик санг зада истодаанд. Ватанфурӯшон ба монанди Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол мардуми бегуноҳи тоҷикро бо фиребу найрангҳояш ба роҳҳои бад, гурӯҳҳои ғайриконуни шомил гардонида вахшиёна бо дасти худ набошад ҳам бо таъсири манфиашон ба катл расонданд.

Ҳар касе, ки чеҳраи ин хоинро Ватанро ба воситаи шабакаҳои интернети дида аст, эҳсосоте пайдо менамояд, ки гуё паси захрхандаи ӯ ягон кори номатлуб ё дар суханони чонкоҳи ӯ зерсуханоне пинҳонанд, асли онро мову Шумо нахоҳем фаҳмидан. Бефаросатӣ, бешармӣ ва нафрате, ки аз чеҳраи Муҳаммадиқбол пайдост, аз тарбияи нохуб ва гузаштаи шармовари падараш Мулло Қаландар сарчашма гирифтааст.Мулло Қаландар кист? Чи гузаште дошт? Агар чунин суолҳо ба миён оянд, аз тарафи ҷавонон, ба онҳо каме маълумот хоҳам дод. Садриддинов Қаландар “Мулло Қаландар” худ яке аз таъсисдиҳандагон ва фаъолони ТЭТ ҲНИ мебошад, ки солҳои нооромӣ маҳз бо ҳидояти ӯ мардуми минтақаи Қурғонтеппа ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамчун гуреза паноҳ буданд. Пас гуфта метавоне, ки себ аз полокаш дур наафтидаст? Албатта!

Айни замон чунин ватанфурӯшон ба монанди М. Садриддин бо корбуди тамоми маҳорат тӯли солҳо аз сарпарастони хориҷӣ омӯхтаву андӯхтааш талош доранд,ки бо ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳони ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба роҳбарият ва Ҳукумати кишвар тира созаднд. Лек ин талошу ҳаракатҳои онҳо бефоиданд, зеро мо пайравони Пешвои миллат дарки он менамоем, ки дар замири ҷавонони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд.

Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд. Ва мо чавонони имрӯза аз ин мефахрем ва шукгӯи чунин роҳбати давлат мебошем. Ва маҳз мо ҷавонон дар чунин мавридҳо набояд зиракии сиёсии худро аз даст диҳем.Ва ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки дар осмону софи беғубори Ватани азизамон абри сиёси чанги пайдо шаванд ва суханони хоинон дар раванди сиёсати давлатамон таъсири мусбӣ расонанд.

Нест бод, Муҳаммадиқболи Садриддин!

Моҳпайкар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ