Суботу оромӣ омили таҳкими амнияти минтақа
Бо гузашти фосилаи начандон тулонӣ бори дигар тавассути расонаҳо маълум гардид, ки нерўҳои марзбонии Қирғизистон таҳти таъсири тавтеаи гурўҳҳои манфиатхоҳ вазъиятро дар нуқтаи марзии Ворух ноором намуда, ба кушодани тир боз ҳам амниятро халалдор намуданд. Ба мушоҳида мерасад, ки ҷониби Қирғизистон хостори оромиву субот нест ва бо ҳар баҳона мехоҳад, ки ҳадафҳои хешро дар мавриди тасарруфи нуқтаҳои баҳсбарангези
марз амалӣ намояд.Ҷониби Тоҷикистон, ки ҳамеша барои таъмини субот ва амнияти минтақа талош мекунад, дар муқобили ҳамагуна ҳаракатҳои носозгори ҷониби Қирғизистон ва ҳатто амалкарди мусаллаҳонаи онҳо сабру таҳаммулпазириро пеша намуда, ҳаллу фасли масъаларо аз роҳи мусолиҳа ва гуфтушунид хостор аст. Мутаассифона, аз ин фурсати муносиб ва аз ин таҳаммулпазирии инсонсолорона ҷониби Қирғизистон истифода карда, ҳатто бо эълони ҷанг на танҳо вазъро нором мекунад, балки қасд ба ҷониби афроди бегуноҳ ва аҳолии осоишта менамояд.
Вобаста ба ин, имрўз зарурати он пеш омадааст, ки бояд аз чунин амалкардҳои ҷониби Қирғизистон бо ҳар роҳу восита ҷилавгирӣ карда шавад. Ҷои таассуф аст, ки кишвари ҳамсоя на танҳо бо ҷумҳурии мо, балки кишварҳои дигари ҳаммарзи хеш, аз ҷумла Ўзбекистон низ ҳамин гуна муносибатро раво мебинад. Аз ин рў, бояд кишварҳои минтақа низ дар мавриди чунин амалкардҳои нобаҷои Қирғизистон бетараф набошанд ва якҷоя дар самти ҳаллу фасли ин масъала иқдом намояд. Бояд дар нишасту ҷаласаҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин муносибати тасарруфкоронаи Қирғизистон муҳокима карда шавад, зеро ин рафтор ва чунин амалкарди онҳо на танҳо хатар ба амнияти кишварҳои ҳаммарз, балки хатаре ба минтақа эҷод мекунад. Аз ин рў, кўшишу талоши худи ҷумҳурии Қирғизистон барои таъмини субот ва оромиш, ҳаллу фасли масъалаҳои мазкур аз роҳи дипломатӣ ба манфиати минтақа ва омили таҳкими аминяти минтақа ба шумор меравад.
Суҳроби Сипеҳрзод - устоди ДДХ ба номи академик Б. ҒАФУРОВ