​Спартакиада: Ғолибон қадршиносӣ гардиданд

Аз 16-ум то 23-юми феврали соли равон дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ Спартакиадаи "Ҷоми факултет" миёни донишҷӯён аз рӯи намуди дастхобонӣ , сангбардорӣ, шоҳмот, шашка , тенниси рӯйи мизӣ , футболи хурд ва арғанчинкашӣ гузаронида шуд.

Ҳадафи баргузории чунин мусобиқаҳо дарёфти истеъдодҳо, тарғибу ташвиқи намудҳои мухталифи варзиш байни донишҷӯён, таҳкими дӯстӣ, ва оммавӣ гардонидани варзиш миёни ҷомеа арзёбӣ гардид.

Спартакидада давоми як ҳафта идома ёфта, дар он 18 гурӯҳи академӣ ширкат ва қувваозмоӣ намуданд, ки дар натиҷа гуруҳи 201а ғолиби Ҷоми факултет гардид. Иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома ва дипломи садорати факултет қадршиносӣ гардиданд.

Сомон Бурҳонзода, аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ