​Спартакиада байни донишҷуён дар факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ спартакиада аз рӯи намуди футболи хурд, тенниси рӯи миз, шоҳмот, шашка ва дастхобонӣбайни гуруҳҳои академикии донишҷӯёни факултет бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардида истодааст.

Таъкид гардид, ки мақсад аз гузаронидани чорабинии мазкур ин тарғибу ташвиқи намудҳои мухталифи варзиш байни донишҷӯён, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ватанпарастӣ байни донишҷӯён, тарғибу тарзи ҳаёти солим ва ҷалби донишҷӯён ба чорабиниҳои мунтазами варзишӣ, барои интихоб намудани донишҷӯ варзишгарони болаёқат барои дастаҳои яккачини факултет, тайёрӣ ва иштирок дар Спартакиадаҳои донишгоҳӣ ба ҳисоб меравад.

Маврид ба зикр аст, ки спартакиада аз санаи 13-ум то 20-уми феврали соли равон идома мекунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ