​Шоҳҷоиза – дастоварди тозаи донишгоҳ

Шоҳҷоизаи даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" аз рӯйи номинаи сарояндагии анъанавӣ насиби донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардид. Гулноза Ғаффорӣ, донишҷӯи курси 4-уми факултети санъат бо нишон додани маҳорати баланди сарояндагӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид.

Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он ғолибони даври вилоятии озмуни мазкур ҳунарнамоӣ намуданд.

Ба Гулноза Ғаффорӣ, донишҷӯи донишгоҳ ҷиҳати сазовор шудан ба Шоҳҷоиза ба маблағи 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Гулнозаро дар ин озмун як қатор устодон, аз ҷумла Абдураҳим Шерматов, Султоналӣ Худойбердиев ва Аҳрор Ботуров дастгирӣ намуда, ҷиҳати таҳкими маҳорати сарояндагиаш саҳми арзанда гузоштаанд.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Гулноза Ғаффориро ҷиҳати соҳиб шудан ба Шоҳҷоиза табрик гуфта, барояш пирӯзиҳои навин ва дастоварди нодир таманно доранд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо донишҷӯёне чун Гулноза Ғаффорӣ ифтихор дорад ва ҷиҳати тақвияти маҳорати воло ва ҳунари чунин истеъдодҳо пайваста иқдому ташаббус менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ