​“Шоми математикӣ”

Таҳти чунин унвон бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотии факултети математика чорабинии илмӣ бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия,профессор Хайрулло Сабурӣ, сардори раёсати илм ва инноватсия дотсент Ромизи Абдуллоев ва устодони факултет шикат варзиданд.

Нахуст, Саодат Раҷабова – мудираи кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотӣ, дотсент баромад намуда, чорабиниро кушода эълон намуд. Сипас, профессор Хайрулло Сабурӣ баромад намуда афзуд, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро зарур меояд, ки барои аз худ кардани илмҳои дақиқ дониши мукаммали илмиро дошта бошем ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузурги стратегӣ ва рушди Тоҷикистон саҳми назаррас гузорем. Дар идома дотсент Ромиз Абдуллооев маърӯза намуда, рӯй овардан ба илму илмомӯзӣ ва хостан илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қадами устувор барои рушди устувори иқтисодии мамлакат арзёбӣ кард.

Чорабинии “Шоми математикӣ” аз рӯи панҷ шарт гузаронида шуд. Шартҳо аз масъалаҳои ҳаёти ҳаррӯза, масъалаҳои мантиқӣ ва шавқовар, бозиҳои математикӣ ва масъалаҳои мушкил иборат буд. Иштирокчиён шартҳои озмунро бо шавқ иҷро намуда, донишу маҳорат ва малкаи худро нишон медоданд.

Дар инҳо беҳтаринҳо бо сипосномаву ифтихорномаҳои садорати факултет қадршиносӣ карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ