Соҳибэҳтиромӣ аз фарҳанг аст!
Фарҳанги воло ва қадима фардро намегузорад, ки ба амалу ҳидоятҳои роҳбарон, аз он ҷумла роҳбарияти олии кишвари худ муқовимат нишон диҳад ва ё иҷро накунад. Мутаасифона, на ҳама халқу миллатҳо дорои чунин фарҳангу тамаддун мебошад. Исботи онро дар оғози қазияи нави минтақаи сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара метавон мушоҳида намуд.
Ҳодисаи аз ҷониби қирғизтаборон сангборон намудани воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони тоҷикистониёни муқимии деҳаи номбурда шаҳодати фирефтаю гумроҳ шудани баъзе бефарҳангон ва пастфитратон ба иғвою дасисаҳои хоҷагони пинҳонӣ далели равшании он аст. Ҷараёни тирпарронӣ дар сарҳадот ва захмбардории ҳарбиёни ҳарду ҷониб ҳодисаи нанговар асту аз ваъдахилофии ҷониби Қирғизистон ва набудани эҳтироми онҳо ба роҳбарияти тозаинтихоби худ далолат медиҳад. Наход, нафаре, ки мардум онро Президент интихоб кардаасту дар Созишномаҳои байнидавлатӣ ӯ аз ҷониби мардум имзо мегузорад, вале имзои ӯ қадре надорад ва ҳатто ҳарбиён, яъне мақоми давлатдорӣ Созишномаи байнидавлатиро риоя намекунанд.
Маротибаҳои зиёд аст, ки ҷониби Қирғизистон аҳду паймоншиканӣ мекунанд ва беинсофонаю муғризона амалҳои нопоки худро бар дӯши ҷониби Тоҷикистон мекунанд.
Тоифаи муайяни мардуми қирғизро месазад, ки одобу фарҳанг, сабру таҳаммул ва иззату эҳтиром ба сарварони худ аз мардуми тоҷик, аз он ҷумла, мардуми боору номуси шаҳри Исфара омӯзанд ва пайрави онҳо бошанд. Вагарна, рӯзе мерасад, ки тоқати мардуми деҳаҳои Исфара тоқ мешаваду қирғизтаборонро бо зӯрӣ ва нерӯи тавонои зеҳнӣ дарси адаб меомӯзонанд.
Аз иғвою дасисаҳо дар канор бошеду эҳтироми зиндагии осоиштаи ҳамҷояи кӯҳантаърихро ба ҷо оваред !!!!!!!!!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”