​Соати тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи модарон

Бо ташаббуси кафедраи варзиш ва методикаи таълими тарбияи ҷисмонии факултети тарбияи ҷисмонӣ дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи модарон аз тарафи таҷрибаомӯзони курси 4 соати тарбиявӣ дар мавзӯи «Меҳри модар» ташкил ва гузаронида шуд.

Қисми аввали чорабинии тарбиявӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Зикр гардид, ки яке аз омилҳои тарбияи наврасону ҷавонон дар роҳи расидан ба заҳматҳои шабонарӯзии модарон маҳсуб меёбад. Модар нахустин устоди таълимдиҳандаи кулли инсоният дар рӯи сайёра баъд аз Офаридгор аст.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби хонандагон шеъру суруд дар васфи модар қироат гардида саҳначаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар хотима гуфта шуд, ки инсоне, ки модарро мепарастад, бешак барои онҳо Ватан, забон, халқ, дӯстиву рафоқат, ваҳдату ҳамдилӣ, худшиносиву худогоҳӣ қимат дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ