Сипари боэътимоди Ватан

Таҳти ҳамин унвон дар хобгоҳи рақами 9- и МТД "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" бо ташаббуси устодони кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Аҳрорҷон Убайдуллоев ва Саидмурод Қаюмов ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён-истиқоматкунандагони хобгоҳ чорабинии тарбиявӣ- ватандӯстӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ устодон дар баромади хеш оиди таъсисёбӣ ва роҳи мураккабу пуршарафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷмҳурии Тоҷикистон сухан ронданд. Сипас, донишҷӯёни курси дуюми факултети математика, гр. 202в бо барномаи рангини хеш бо шеъру тарона ва гуфторҳои бузургон дар васфи Президент, Ватан-Модар, Артиши миллӣ ба раванди чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд. Баъдан байни омӯзгорон ва донишҷӯён мубодилаи афкор ба таври озод ва хеле хотирмон сурат гирифт. Донишҷӯён бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ бо шукргузорӣ аз ин кишвари ободу зебо ва орому осоишта андешаҳои худро иброз намуданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ дар қалби ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ арзёбӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ