​Шиносоӣ бо китобҳои тахассусии тозанашр

Устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ аз Китобхонаи илмии донишгоҳ боздид намуда, бо номгӯйи китобҳои тахассусӣ шинос шуданд.

Ин ташаббус ҷиҳати огоҳ шудан аз китобҳои тозанашр, ки вобаста ба фанҳои сиёсатшиносӣ ва диншиносӣ ба махзани китобхонаи донишгоҳ ворид шудааст, амалӣ гардид.

Абдунаим Бердишукуров, мудири кафедраи умимидонишгоҳии сиёсатшиносӣ таъкид намуд, ки истифода аз адабиёти тоза ва ҷадид дар раванди дарс имкон медиҳад, ки сифати дарс таъмин гардида, ба донишҷӯён маълумоти фарохтар ва тозатар ироа гардад.

Дар доираи иқдоми мазкур ба устодони кафедра аз ҷониби масъулини китобхона номгӯйи китобҳои ихтисосӣ манзур гардида, оид ба моҳият, теъдоди нашр ва имкониятҳои дастрас ва истифода аз онҳо маълумот дода шуд.

Дилбар Самадова, директори китобхона аз устодон даъват ба амал овард, ки аз шароити мусоид фаровон истифода бурда, дар баробари китобҳои чопӣ, инчунин аз махзани китобхонаи электронии донишгоҳ ба таври васеъ истифода баранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ