Шинохти арзишҳои миллӣ ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят менамояд
Ташаккул додани тафаккури миллӣ ва ангеза бахшидан бар ҳисси ватанпарастии ҳар як насли ҷавони кишвар дар ин раванди нуфузи ифротгароӣ дар саросари кишварҳои олам яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷа ба шумор меояд. Аммо, бояд дар назар дошт, ки ин ҳадаф кори як ва ё ҷанд нафар нест. Бо вуҷуди пайкорҳои судманди Пешвои миллат ва дастгирии ҳукумату давлат, боз ҳам мардуми шарифи кишварро зарур аст, ки дар мавриди сарнавишти имрўза ва ояндани насли ҷавон, фарзандони худ пайгирона тасимҳои ҷиддиро бигиранд. Дар зеҳни насли ҷавони миллат бедор кардани тафаккури миллӣ ва ангеза бахшидан ба нерўи худшиносии ҷавонон кори якрўза ва чандрўза низ наметавонад бошад. Ин масъулияти таърихӣ ва ҳамешагии мо бояд пазируфта шавад.Дар ин росто амалӣ намудани баъзе аз тасмимҳо аз манфиат холӣ намебошад.
Дар навбати аввал аз ҷумлаи тасмимҳои муҳим барои такмили тафаккури миллӣ дар зеҳни насли ҷавон он аст, ки мо пеш аз ҳама ба камолоти маънавии онҳо аҳамият махсус зоҳир намоем. Дар ин росто низ ҳукумату давлат тадбирҳои ҷиддиро ба роҳ мондааст, аммо бидуни ҷонибдории волидон ва умуман ҷомеа наметавон ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шуд. Мо бояд нагузорем, ки ҳатто як нафар аз ҷавони тоҷик бесавод ва дур аз таълим зиндагӣ ба сар барад. Заминаҳои аслии гаравидани ҷавонон низ ҳамин бесаводӣ ва ноогоҳӣ аз таълимоти муқаддамотӣ ба шумор меравад.
Таҷлили санаҳои таърихӣ, бузургдошти шахсиятҳои илму адаб ҳамчунин эътироф ва эҳёи дубораи арзишҳои милливу маънавиихалқи тоҷик аз пайкорҳои шоистаи Пешвои давлат мебошад. Моро зарур аст, ки дар партави ҳамин гуна сиёсати хирадгароёна саҳми худро бигузорем. Арзишу аҳамият ва пеш аз ҳама муҳимияти чунин чорабиниҳои таърихиро дар ташаккули тафаккури миллии ҷавони кишвар тарғибу ташвиқ намуда, ҷавонон ба ширкати фаъол дар онҳо бештар ҷалб созем.
Таълму тадриси рўзгор ва корномаҳои қаҳрамонҳои миллии кишвар, чун Деваштич, Шерак, Спитамен, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Восеъ ва дигар фарзандони ватандўсти асили тоҷик дар ташаккули тафаккури миллии насли ҷавон метавона таъсири хуб хоҳад дошт.Ҳамзамон, корномаҳои Қаҳрамонони Тоҷикистонро низ бояд ба дурустӣ талқину тарғиб намоем, то дар симои онҳо ҷавонони имрўз чеҳраҳои ормонии хешро шиносанд.
Таҳким бахшидан ба маърифати динӣ ва дунявии ҷавонон ҳамчунин, омўзиши комили маърифати аслии динҳо ва ба вежа дини Ислом ва мазҳаби ҳанафӣ барои аҳли ҷавони кишвар муҳим ба назар мерасад. Зеро такмили маърифати динӣ, шинохти арзишҳои миллӣ ва истифода аз ин омўхтаҳо метавонад ҷавонони моро ба роҳи дуруст ҳидоят намуда, аз ҳамагуна таҳдиду хатарҳои фикрӣ, гумроҳшавӣ ва харобии мағзу андеша нигоҳ дошта, ба сўи ормонҳои олии миллӣ, инсонӣ ва созанда раҳнамун бошанд. Боварии комил дорам, ки ҷавонони насли истиқлол аз ин имконияту зарфиятҳо мавҷуда, шароити хуби мутолеа ва фарогирии донишҳо, хирадгароиву хирадсолориҳои сарчашма дар сиёсати фардосози Пешвои миллат дошта баҳрамандии афзун ҳосил намуда, барои пешрафти кишвари азиз, ҳифзи истиқлоли миллӣ ва тақвияти ваҳдату ҳамдилӣ дар ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Сорбони Холиддин, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров