Шинохти ҳақиқати таърихӣ ва дарки воқеияти баҳси марзӣ
Мақолаи сиёсатшиноси шинохта Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” дар шинохти ҳақиқати таърихӣ ва дарки воқеияти омил ва пайомадҳои баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳуҷҷати муҳим ва дорои аҳамияти муассир маҳсуб меёбад.
Мутолиа ва омӯзиши маводи мазкур ҷиҳати миёни сокинон ба вуҷуд омадани фаҳмиши дуруст ва тасаввуроти воқеӣ вобаста ба масоили марбут ба баҳси марзӣ нақши созанда мегузорад. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол таърих ва омилҳои пайдоиши ин баҳс ва заминаву сабаби торафт печида гардидани вазъ дар минтақаҳои марзӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба таври дуруст ва мукаммал дар асоси факту далелҳои таърихиву ҳуқуқӣ шарҳ наёфтааст. Ба таъбири дигар, дар бораи моҳияти ин низоъ, ки ҳамакнун сад сол инҷониб идома дорад, маълумоти дақиқ ва кофӣ дастрас нест. Аз ин лиҳоз, мақолаи сиёсатшиноси шинохта Абдуллоҳи Раҳнамо дар ин самт метавонад ба сифати сарчашмаи муътамад оид ба асосҳои воқеии низоъи марзӣ шинохта ва мавриди омӯзишу истифода қарор гирад.
Муаллиф дар мақолаи мавриди назар дар такя ба ҳуҷҷатҳои таърихӣ ҳақиқати баҳси марзиро равшан намуда, бо истифода аз далелу бурҳони асоснок мавқеи Тоҷикистонро барои хонанда шарҳ додааст.
Хонандаи ҳушманд аз мутолиаи маводи мазкур дарк мекунад, ки омилони асосии муноқишаҳои марзӣ киҳо ҳастанд ва асосҳои таърихии ин низоъ кадомҳо мебошад.
Омӯзиши мақолаи мазкур барои хонанда як қатор масъалаҳо, аз ҷумла миқдори воқеии замини қонунии Тоҷикистонро, ки ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон қарор дорад, рӯшан намуда, мазмун ва моҳияти ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932, 1958-1959 ва 1989 - ро шарҳ медиҳад.
Қурби ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои ҷониби Қирғизистон, ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси он замини Тоҷикистон ба ихтиёри Қирғизистон гузаштааст, масоҳати минтақаҳое, ки баҳсӣ ҳастанд, аз мавзуъҳое ба шумор меравад, ки дар доираи маводи мазкур мавриди шарҳ қарор гирифта, аз ҷониби муаллиф ҷиҳати посух ба ин суолҳо талошҳо сурат гирифтааст.
Маводи мазкур пажӯҳиши судманд ва муфидеро мемонад, ки дар самти муайян намудани воқеияти низоъи ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон ва таҳкими тасаввуроту идроки ҷомеа саҳми арзанда мегузорад.
Мусаллам аст, ки афзалият ва ё бурди асосии ҳама гуна навиштаҷот ва мавод дар он зоҳир меёбад, ки асоси таърихӣ, ҳуқуқӣ ва қонунӣ дошта, дар заминаи факту далелҳои аслӣ таҳия гардад.
Сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо низ аз шарти муҳими таъмини муътамаднокии мавод кор гирифта, бо факту арқом ва далелҳои раднопазир паҳлуҳои гуногуни масъалаи низоъи ҷонибҳоро равшан намудааст.
Масоҳати умумии заминҳои Тоҷикистон, ки баҳсӣ буда, дар ихтиёри Қирғизистон қарор дорад, маҳз дар ҳамин мавод ба таври дақиқ зикр ёфта, мавриди шарҳи муфассал қарор гирифтааст, ки ҷиҳати дар асоси санадҳои дақиқи таърихӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд овардани фаҳми бештар дар бораи моҳияти мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар ин масъала саҳми муассир дорад.
“Моҳияти содаи низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз ин иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. Маҳз ҳамин рақам 23.09.2022 дар суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ садо дод”.
Чуноне дар навиштаи Абдуллоҳи Раҳнамо зикр шудааст, тибқи санадҳои расмӣ ин заминҳо, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух), баъзе қитъаҳои нисбатан хурди дигар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайраро дар бар мегиранд.
Муаллиф барои тавсеа бахшидани ба тасаввуроти сокинон аз усули қиёс кор гирифта, масоҳати умумии ин заминҳоро бо ҳудуди як қатор шаҳру давлат муқоиса намудааст. Чунончи зикр мешавад, 211 000 гектар ва ё 2110 километри мураббаъ замин тахминан ба ҳудуди якҷояи шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Хуҷанд (бо назардошти тамоми ҳудуди маъмурии деҳоти онҳо) ё тахминан беш аз даҳ ҳудуди шаҳри Душанбе бо афзудаҳои нави атрофаш баробар аст.
Зикри ин нукта барои ба вуҷуд овардани дарки дақиқ миёни сокинон муфид буда, ин ки заминҳои баҳсӣ баробар ба даҳ ҳудуди Душанбе маҳсуб меёбад, барои ба таври шоиста шарҳ ёфтани масоҳати воқеии заминҳои ғасбшуда мусоидат мекунад.
Абдулло Раҳнамо дар идома барои ташаккул додани тафаккури хонанда дар мисоли берунӣ таъкид медорад, ки заминҳои ғасбшуда қариб баробари ҳудуди кишвари Люксембург дар Аврупо, ё тақрибан ду баробари ҳудуди кишварҳои Сингапур ва Баҳрайн дар Осиё мебошанд. Яъне ин нуктаҳо собит менамоянд, ки дар ин баҳс сухан дар бораи масоҳати кам не, балки минтақаи азим меравад.
Дар маҷмуъ, маводи сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо ҷиҳати ошкор намудани ҳақиқатҳои муноқишаҳои марзӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, баҳри ташаккул додани фаҳмиши аниқ ва дуруст дар мавриди сабабҳо ва омилони ин баҳс муфид аст.
Мирзосодиқ Сангинов,
омӯзгори факултети геоэкология ва туризм