​Силсилаи конференсияҳо дар доираи ҳафтаи илм

Дар доираи ҳафтаи илм дар кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ семинари илмӣ-назариявии кафедра бо иштироки устодон баргузор гардид.

Ба кори семинар мудири кафедра, дотсент С.Ҷӯраева ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас устодони кафедраи мазкур дотсент Равшан Усанов дар мавзуи “Саҳми академик А.Баҳоваддинов дар рушди фалсафаи муосири тоҷик”, М.Болтаева дар мавзӯи “Инъикоси фалсафаи бостонии тоҷик дар эҷодиёти Бобоҷон Ғафуров” ва Қ.Ӯрунбоев дар мавзӯи “Фалсафаи Абуали ибни Сино аз назари муҳаққиқони Россия” баромад намуданд.

Ҳамчунин бо ташаббуси кафедраи мазкур дар Китобхонаи марказии донишгоҳ конфронси илмӣ таҳти унвони “Илм-фурӯғи маърифат” бо ҷалби васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Дотсент С.Ҷӯраева дар баромади худ баргузори чунин конференсияҳоро барои тарбия донишҷӯён дар руҳияи худшиносӣ ва ҳидоят дар роҳи илм муҳим арзҳёбӣ намуд.

Дар идома устодони кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ Д.Исмоилова дар мавзӯи “Интеграционные процессы современного социокультурного пространства Таджикистана”, н.и.ф., муаллимаи калон Н.Ҷӯраева дар мавзӯи “Талқини масъалаи инсон дар осори Абубакрӣ Розӣ” ва О.Мелибоев дар мавзӯи “Таъсири медиаи оммавӣ ба ташаккули афкори ҷомеа дар шароити ҷаҳонишавӣ” маърӯза намуданд.

Дар интиҳо миёни иштирокчиён мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ