Силоҳи бадон дуруғу ҷабр аст

Дар ҷаҳони муосир шабакаи интернет ба минбари дуздони вақт ва ғоратгарони маблағ табдил ёфтааст. Азбаски табиати одамӣ майл ба кунҷкобӣ, омўзиш ва таҳлили ҳаёти дигарон дорад, кисми зиёди ҷомеа зуд ба дасисаҳои хиёнаткорон фирефта мешаванд. Инсоният аслан дурбин аст, на худбин. Дар шабакаи инрернет бошад, шахсони алоҳида аз ҳамин сифатҳои инсоният истифода бурда, барномаҳои гуногуни инъикоскунандаи ҳаёти шахсии дигаронро таҳия сохта истодаанд. Тавассути ин барнома онҳо маблағи зиёд ба даст меоранд. Зеро баёну инъикоси фазои воқеи, ки ба ҳамагон аён аст, таваҷҷуҳи башариятро ба сўи худ кашида наметавонад. Ба ин васила даромади иқтисодӣ гирифта намешавад. Баъзе нафарон барои гирифтани манфиат ва зиёд кардани теъдоди обунашавандагон маводу наворҳои сохтаи баҳсангезу тамошобоби беасосро тавассути барномаҳои гуногун ба мардум пешниҳод менамоянд. Яке аз чунин шахсиятҳо Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад ва хуб медонад, онро, ки «табиати одам бештар ба аблаҳӣ моил аст, на ба доноӣ, аз ин рў сифатҳое ки ба аблаҳӣ мебаранд нерўю таъсири зиёд доранд (Роҷер Бекон). Ин хусусиятро ў ва пайравонаш барои гирифтани манфиати иқтисодии дукарата истифода мебаранд. Аз як тараф, аз миқдори обунашудагон ва теъдоди наворҳои тамошогардида, аз дигар тараф аз сарпарастии хоҷагони хориҷӣ бо мақсади ноором кардани фазои сиёсии кишвари осоишта. Ӯ ва пайравонаш фикр мекунанд, ки Тоҷикистонро шабеҳи Афғонистон сохта, худ оянда давлатдор мешаванд. Аммо бехабар аз он, ки хоинони як ҷониб ҳеҷ гоҳ дар ҷониби дигар обрӯ надоранд. Чун хоҷагон ба мақсади худ расанд, аввал аз хоинон дурӣ меҷӯянд. Дасисабозҳо ҳеҷ гоҳ обрӯманд намешаванд. Онҳо озодӣ ва истиқлоли маънавӣ надоранд. Побанди хоҷагон ҳастанд.

Вақти он фаро расидааст, ки чунин рафтори Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар дасисабозонро маҳкум намоем. Зеро мо кулли ҷомеа сифатҳои бузургҳимматӣ, ҷавонмардӣ, ҳунаромӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, меҳанпарастӣ, қаноатпешгӣ, илмпарварӣ, хоксорию фурӯтаниро меписандем ва пеша менамоем. Новобаста аз тарғиботи бошиддати разилон тавассути барномаи «Минбари муҳоҷир» ба мазаммати ҳирсу тамаъ, ғуруру худписандӣ, танбаливу коҳилӣ, молпарастиву хоинӣ мепардозем. Носипосиҳоро сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳо медонем ва шукри инъоми баланди даврони Истиқлол менамоем. Чун Саъдии бузургвор фармудааст: «Бузургии коинот аз рӯи зоҳир одамӣ аст ва хории мавҷудот - саг. Ва ба иттифоқи хирадмандон саги ҳақшинос беҳ аз одами носипос». Бинобар ин, мо нисбати сарнавишту қисмати ояндаи кишвар бетараф нестем ва намегузорем, ки чунин нохалафон ба гулистони ободи Ватан хоре халанд.

Гулрӯ Қурбонова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ