Шикорчиёни бетӯъма!
Тӯли даврони Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони биҳиштосоямон пайваста таҳти фишори нерӯҳои ифротиинопок қарор дошта бошад ҳам, тибқи муқовимати шадид ба ин аблаҳони ландаҳур бо қадамҳои устуворона ва суботкорона ба сӯи арзишҳои олии инсонӣ кӯшиш менамуд ва дастовардҳои беназирро соҳиб гаштааст, ки ҳар як фарди солимақл шоҳиди бевоситаи онҳо мебошад.
Палидони наҳзатӣ бо сардории Муҳиддин Кабирии мунофиқ бо исрори хоҷагони маблағгузорашон дар шабакаҳои иҷтимоии гуногун нисбати Тоҷикистони маҳбубамон бофтаю бӯҳтонҳои нав ба нав ҷой медиҳанд, ки саропо сохтаю дурӯғ, ва аз фиреби маҳзи ба нафарони соддалаҳв нигаронида таркиб ёфтааст. Алалхусус, сухангӯю суханчини ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом Муҳаммадиқболи Садриддин дар эҷоди маккорона устухон надораду аз ҳар майда - чуйдаи ҳаёти ҷомеаи кишвари азизамон воҳимаю ҳангома месозад. Ҳангоматалабии ӯ то ба ҳаддест, ки аксарияти ҳамсӯҳбатонаш низ ба он шубҳа меоваранд. Вазъи ноороми Бадахшон марбут ба ҷиноятҳои Боқирро Муҳаммадиқболи Садриддин бо таври худ фаҳмида баҳодиҳӣ менамояд, ки шаҳодати муғризиву палидии ӯ маҳсуб меёбад.
Мусаллам аст, ки алҳол вазъ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол омадааст ва ҳатто ҷинояткори дар кофтукоб қарордошта Шеров Манучеҳр дастгир шудааст. Лекин Муҳаммадиқболи Садриддин ҳатто амали боздошти ҷинояткорро амали ноадолатона тавсиф медиҳад. Дилаш, ки ба Ватани аҷодӣ намесӯзад, аз ҷинояткорҳимоят карда мақомоти қудратиро дар ноадолатӣ айбдор мекунад. Тинати Муҳаммадиқбол аз нокомиҳои зиндагӣ саропо заҳролуд гаштаву чун ақраб дар пайи неш задани нафари дигар оромиву қарор меёбад. Вагарна,аз нафароне аз мақомоти қудратӣ, ки вазифаҳои хизматии худро бошарафона иҷро карданд, ин бешараф чӣ мехоста бошад? Шояд надонаду дарк карда натавонад, ки маҳз мақомотҳои қудратӣ ҳомии бевоситаи тартиботи ҷомеа мебошанду агар онҳо намешуданд, мумкин аст Муҳаммадиқболро дар кӯдакӣ сар мезаданд.
Умуман, қишри солимақли ҷомеаро зарур аст, ки ҷавонон ва соддалавҳонро аз макру фиреб наҳзатиён бохабар намоянду симои аслии ин қаллобони ифротгаро ва амалҳои ношоистаи ононро ба оммаи васеъ рӯирост, ошкоро ва воқеъбинона фаҳмонанд.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”