​Сиёсатмадорро хирад бояд

Таъмини сулҳу субот дар миқёси сайёраи Замин дар такя ба фаъолияти сиёсатмадорони сатҳҳои мухталиф ва ҳам сатҳи ақлу заковати онҳо ҷараёни мураккабе мебошад, ки аллакай ба мушкилоту муаммои ҳалталаб мубаддал гаштааст. Дар василаи таҷрибаю ақлу тамиз, қудрати иқтисодӣ ва ҳоказо, қисме аз сиёсатмадорони барҷаста тавонистанд дар кишвари худ ҷомеаи босуботи орому осуда бунёд намоянду бо марому низоми муайяни муваффақона мамлакатро ба пеш ҳидоят намоянд. Лекин, аксарияти сиёсатмадорон бо сабабҳои гуногуни объективию субъективӣ наметавонанд, ки давлатии худро тавре идора намоянд, ки ҷомеа зиндагии осуда дошта бошад. Мисоли барҳақи чунин давлатдории номуваффақро метавон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мушоҳида кард. Тӯли қариб ним аср дар ин сарзамин чандин сиёсатмадорон саҳнаи давлатдорӣ баромаданд, вале то ҳанӯз дар ин мамлакат ҷангу ҷидоли қавмиву табақавӣ ва ғайра идома дорад, ки мардуми оддӣ аз он безор шудаанду қисми дорои имконият тарки Ватан мекунанд. Мебояд қайд кард, ки сабаби асосии вазъи мавҷуда манфиатҷӯён фоидаи шахсӣ ё гурӯҳиро болотар аз меҳри Ватан гузоштан мебошад.

Ҷомеаи ба ном озодихоҳ ё демократӣ солҳои тӯлонӣ дар вазъияти ногувори иқтисодӣ қарор гирифтаву раҳоӣ аз касодиро пайдо карда натавониста истодааст, ки ин бар манфиати давлатҳои абарқудрат буда, онон намехоҳанд мавқеи мусоиди худ дар хоки Афғонистон аз даст диҳанд. Мусаллам аст, ки бархӯрди манфиатҳои абарқудратонро асорат қашшоқии мардум асту нооромии давлат. Чандин насли Афғонистон аллакай фазои сулҳи амониро надидаанд, дарк карда ҳам наметавонанд. Бархурди манфиатҷӯёни абарқудрат давраи охир ба сари давлатдории Афғонистони ҷангзада омаданигурӯҳи ифротиён - ҳаракати “Толибон”-ро боис гардиду вазъи сиёсӣ - иҷтимоии давлат боз ҳам бадтар гардид.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз вазъи ба амаломада дар ташвиши ҷиддӣ буда бо воситаҳои гуногун ба давлатдорони навбаромад пешниҳод карданд, ки мувофиқи меъёрҳои башардӯстона мебояд Ҳукумати фарогири ҳамаи қавму миллатҳо, табақаҳои иҷтимоӣ ва ғайра таъсис ё ташкил дода шавад. Бо баҳонаи меъёрҳои шариати исломӣ то ҳанӯз “Толибон” ин ваъдаи додаашро иҷро накардааст ва Ҳукумати фарогир ё инклюзивӣ бунёд накардааст. Ҳатто, баръакс , муқовимату мубориза ба қавму миллат, гурӯҳҳои озодиҳоҳи миллӣ ва амсоли онҳо афзудааст. Идомаи чунин сиёсат боиси тезутундшавии низоъҳои дохилӣ, нооромӣ қашшоқи ва болоравии таҳдиди аз байни рафтани давлатдории мустақилона мешавад халос.

Дар заминаи андешаҳои баёнгашта аз сиёсатмадорони хоки афғон боисрор даъват менамоям, ки дар самти ташкили Ҳукумати фарогири ҳамаи қишрҳои ҷомеа фаъолиятро густариш диҳанд. Зеро, ҳолати кунунӣ ба нобудии кишвар оварда мерасонад. Агар, чунин шавад, шумоён “Толибон” кадом давлатро сарварӣ мекунеду меъёрҳои эҷодкардаи шариати исломӣ куҷо татбиқ хоҳед кард?!

Собиров М.С.- дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризмиМДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академи Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ