Сиёсати сулҳҷўёнаи Сарвари давлатро дастгирӣ менамоем!
Дар таърихи навини тоҷик хосатан давраи истиқлолият халқи тоҷик бисёр рўзҳои вазнинро аз сар гузаронидааст. Вақте, ки ба Ваҳдати миллӣ расидем, Точикистон тавонист, ки худро ҳамчун як давлати пешрафтаистода дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ муаррифӣ кунад, чи дар сиёсати дохилӣ чи дар сиёсати хориҷӣ. Дар сиёсати дохилӣ ҳамаи соҳаҳо рушд карда барои пешрафти Тоҷикистони навин хизмат карда истодаанд. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон эълон шудани сиёсати «дарҳои кушод» бо давлатҳои дуру наздик, нигоҳ доштани дипломатияи сулҳҷўёна, ҳамсоягии нек, густариши муносибатҳои байналхалқӣ дар алоҳидагӣ ва инчунин дар доираи ташкилотҳои минтақавию байналхалқӣ, баромадҳои пурмўҳтавои Сарвари давлати тоҷикон аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид ва пазироии ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва ғайраҳо мебошад.
Ҳукумати мамлакат кўшиш карда истодааст, ки аввалан вазъи имрўзаи имрўзаи минтақаву ҷаҳонро пайгирӣ намояд ва дар ин васила вобаста ба воқеаҳои баамаломадаистода бетараф нест. Вобаста ба санадҳои меъёриву ҳуқуқии дохиливу байналхалқӣ, ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ барои зиндагии осоиштаи мардум, нигоҳ доштани амнияту субот дар минтақава ҷаҳон саҳми назаррас дора два дар ин ҷода бетараф буда наметавонад.
Халқи тоҷик ба ҳар гуна иғвоангезии шахсиятҳои алоҳида бовар намекунад ва намегузорад, ки ин ақидаҳои беасос дар байни халқ паҳн гардад.
Тоҷикон халқи қавииродаю ватандўст ҳастанд, ҷавонони худшиносу худогоҳи миллати тоҷик барои пешрафти ватани худсаҳми арзандаи худро мегузоранд ва худро аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб дур месозанд ва агар лозим ояд бо яроқ низ барои ҳимояи ватани азиз баромад мекунанд. Вале таҳлукаандозӣ набояд кард, вақте низоъ тариқи гуфтушунид ҳал шавад, бояд пеш аз ҳама сулҳро пайгирӣ кард.
Мо халқи тоҷик ҷонибдори сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ҳастем ва кўшиш мекунем, ки ин сиёсати сулҳҷўёнаро пайгирӣ карда барои ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.
Меҳримоҳ Ватанзода