​Семинари таълимӣ-методӣ оид ба истифодаи маводи мултимедӣ

Дар кафедраи умумидонишгоҳии информатика бахшида ба ҳафтаи илм ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” семинари таълимӣ-методӣ бо иштироки ҳамаи омӯзгорони кафедра гузаронида шуд. Чорабиниро и.в.мудири кафедра Инобатҷон Икромова оғоз бахшида, зикр намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи ҷавонони ояндасоз, ворид гардидан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои замон, мутобиқати мазмуни таҳсилот ба шароити муосир эътибори зарурӣ дода шуда истодааст.

Дар семинар дотсенти кафедра Шамсидинов баромад намуда, оид ба истифодаи маводи мултимедӣ дар машғулиятҳои таълимии омӯзгорон ба шунавандагон маълумот дод.

Мақсади асосии фаъолияти семинар дар амал татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди технологияи информатсионӣ, баланд бардоштани маърифат ва дониши илмиву техникии устодон маънидод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ