​Семинари омӯзишӣ: усули кор бо тахтаи электронӣ омӯзонида шуд

Дар кабинети методикаи инноватсионӣ, ки дар назди кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ фаъол аст, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати дарс семинар баргузор гардид, ки дар он омӯзгори кафедраи инфарматика ва математикаи ҳисоббарорӣ Ҳаитова роҳ ва усули кор бо тахтаи электрониро шарҳ дод.

Дар ҷараёни дарс бо тахтаи электронӣ омода кардани хронологияи таърихӣ, ҷадвал, схема, диаграммаҳо ва тасвири харитаҳо бо ёрии тахтаи электронӣ дар доираи семинар омӯзонида шуд.

Ин иқдом ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати омӯзгорон баҳри ҷолибу шавқовар гузаронидани дарс роҳандозӣ шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ