​Семинари машваратӣ

Дирӯз дар мактаб – интернати давлатии барои кўдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд ба номи Сироҷиддин Тоҷибоев семинар –машварати таълимиву методӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзоёни Ассотсиатсияи нуқсоншиносони вилояти Суғд, омўзгорон аз факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ, муаллимон ва нуқсоншинсони мактаб-интернатҳои вилояти Суғд, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ширкат намуданд.

Ҷаласаро директори Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шавкат Шаропов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас, раиси Ассотсиатсияи нуқсоншиносони вилояти Суғд, ходими калони институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои педагогӣ, дотсент З.Раҳмонов баромад намуда, ҳамагонро бо рўзномаи семинар-машварат шинос намуд.

Директори мактаб–интернати мазкур Сироҷиддин Тоҷибоев иштирокчиёнро бо самараҳои меҳнати дастии муҳассилин шинос намуд. Ҳамчунин дар зимн иштирокчиёни семинар-машварат дар дарсҳои кушоди намунавии омӯзгорони мактаб-интернат иштирок намуда, таклифу дархостҳо оид ба рушди сифати таълиму тарбия ва корҳои ислоҳӣ-солимгардонии хонандагонпешниҳод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ