​Семинари илмӣ-назариявӣ

Дар кафедраи грамматикаи забони арабӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Мудири кафедра Қӯзиева ҳадаф аз ташкили семинарро шарҳ дода, иштирокчиёнро бо рӯзномаи он шинос намуд.

Ҳамзамон, номбурда дар мавзӯи “Мафҳумҳои морфема, морф ва алломорф дар забоншиносӣ” маърӯза ироа дошт.

Дар идома омӯзгори кафедра Додохӯҷаева перомуни “Ҷумлаҳои фразеологӣ дар “Хамса”-и Хоҷуи Кирмонӣ” ибрози назар кард.

Мавзӯи “Саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илму маориф” аз ҷониби муаллими дигари кафедра Маликова мавриди шарҳ қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ