​Семинари илмӣ-назариявӣ оид ба корҳои илмӣ –тадқиқотии омӯзгорони ҷавон

Дар кафедраи умумидонишгоҳии информатика бахшида дар доираи ҳафтаи илм семинари илмӣ-назариявӣ гузаронида шуд.

Чорабиниро иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра Инобатҷон Икромова оғоз бахшида, зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пешниҳод карданд, ки солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шавад.

“Ба таъкиди Президенти кишвар пешниҳоди мазкур ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани “Омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас” нигаронида шуда, вобаста ба ин мавзӯъ изҳор гардид, ки бояд “Назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд” – зикр гардид дар доираи семинар.

Дар идома омӯзгори кафедра Норбобоев оид ба хусусиятҳои методикаи истифодабариитехнологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим маърӯза намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ